Соҳибназаров Амирҷон Шодиевич
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Тӯли солҳои 1990-1994 дар сохтори донишгоҳ шуъбаи ҷавонон ҳамчун парламенти донишҷӯён таъсис дода шуда буд, ки сарварии онро аз соли 1992 то соли 2000 Ҳакимов Ғафурҷон ба уҳда доштанд. Баъдан аз соли 2000 то соли 2004 Раҳмонов Матлуб, аз соли 2004 то соли 2012 Холиқов Музаффар, аз соли 2012 то сентябри соли 2019 Табаров Фирӯзҷон ҳамчун сардори шуъбаи кор бо ҷавонон дар донишгоҳ фаъолият менамуданд. Аз соли 2019-22 сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳро Шеров Маҳмадалӣ ба уҳда дошт. Баъди қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» соли 2004, шуъбаи ҷавонони донишгоҳ ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгирии иқдоми донишҷӯён табдил дода шуд. Баъдан 17-уми апрели соли 2012 баъди муҳокима ва баррасӣ дар Шӯрои олимон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташаккули имиҷи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва ниҳоят 1-уми ноябри соли 2016 баъди муҳокима ва баррасӣ дар Шӯрои олимон шуъбаи зикргардида, ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдили ном карда, дорои ду воҳиди корӣ мебошад.