ДЕПАРТАМЕНТИ ИДОРАИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ. Департаменти идораи ҷараёни таълим ва идораи сифати таҳсилот аз соли таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо номҳои гуногун, ба монанди:
 – аз 1 ноябри соли 1990 то соли 1993 ҳамчун Шӯъбаи таълим;
 – аз 1 сентябри соли 1993 то сентябри соли 2010 ҳамчун Департаменти ҷараёни таълим ва корҳои тарбиявӣ;
 – аз 1 сентябри соли 2010 то имруз бо номи Департаманти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот фаъолият намудааст.

Вобаста ба тағйирёбии самтҳои афзалиятноки донишгоҳ бо мурури замон номи департамнт низ тағйир ёфтааст.

СОХТОРИ ИДОРАВӢ. Сохтори Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот аз чунин ҷузъҳо иборат мебошад:

 – идораи таълимӣ-методӣ
 – шӯъбаи таълим;
 – шӯъбаи мониторинг ва таҳлили сифати таҳсилот;
 – шӯъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ;
 – маркази машварати ва бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот.

Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот бо кафедра, факултет ва дигар департаментҳои донишгоҳ ҳамкорӣ намуда, имконият ва мақоми ҳар яке аз сохторҳои марбутаро барои тарбия намудани мутахассисон ва ба талаботи соҳавӣ ҷавобгӯ будани онро муфид истифода мебарад. Бо назардошти гузориши масъала бо чунин мазмун, Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот барои дар амал ҷорӣ намудани Консепсияи миллии таълим ва тарбия ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ омода намудани муфтахассисони оянда вазифадор мебошад.

САМТИ ФАЪОЛИЯТ. Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи техника ва технология, иқтисодчиёни соҳаҳои гуногуни саноат, мутахассисони соҳаи техникаи компютерӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, метрология ва стандартизатсия, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд, мутасаддӣ буда, барои расидан ба мақсадҳои стратегии номбурда аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҷузъҳои сохтории онро дар коллеҷ ва филиалҳо сафарбар менамояд.

Дар раванди вазифаҳое, ки аз тайёр намудани мутахассисони замони нав бо назардошти ҳалли масъалаҳои стратегии ҷараёни таълим бармеояд, департамент пеш аз ҳама:

 – барнома ва Стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста аз талаботи тахассусӣ ва азхуднамудани барномаи таълимии фанҳо таҳия намуда, барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
 – бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии тайёр намудани мутахассисон, дар таҳия ва ба амал ҷорӣ намудани консепсияи ҳамоҳанггардонии зинавии гирифтани донишҳои касбиро дар асоси низоми кредитӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо оид ба ин мавзӯъ ба амал ҷорӣ менамояд;
 – барои ба танзим даровардани баҳогузории фаъолияти донишҷӯён, омӯзгорон, мудирони кафедра ва деканони факултет дар сатҳи кафедра ва факултетҳо мониторинги ягонаи таҳлил ва баҳогузориро пешниҳод менамояд;
мутасаддии дар амал ҷорӣ намудани низоми ягонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, худтакмилдиҳӣ ва эҷодкориро дар амал ҷорӣ менамояд;
 – шартҳои рақобатпазирии баҳогузории фаъолияти ҳар яке аз иштирокчиёни ҷараёни ягонаи педагогиро таъмин менамояд;
 – дар ташкил ва гузаронидани таҳлили экспертии силлабусҳо, курсҳои мухтасари лексияҳои фаннӣ, ҷадвали дарсӣ дар асоси барномаҳои тасдиқшуда мутасаддӣ буда, талаботи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар ин раванд таъмин менамояд ва дар сари вақт ва бо сифати баланд маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методиро аз чопӣ типографии бароварда истифодаи онро дар сатҳи факултетҳо ва фанҳои таълимӣ таъмин менамояд;
 – низоми ягонаи гузаронидани таҳлилҳои аналитикӣ ва мониторинги санҷиши сифати машғулиятҳо, баҳогузории донишҳои касбӣ ва амсоли онҳоро бо назардошти дастовардҳои марҳилавии донишҷӯёнро меомӯзад ва дар ин раванд вобаста ба ихтисос ва равияҳо муаррифиномаи касбиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.