Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2022-2023
Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба донишгоҳ фиристода шудаанд
Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод намоянд:
✓ ариза ба номи ректор;
✓ аттестат ва замимаи он – нусхаи аслӣ;
✓ маълумотномаи тиббӣ;
✓ 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
✓ шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
✓ билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.
Эзоҳ: Риояи сару либоси донишҷӯӣ ҳангоми супоридани ҳуҷҷат ба комиссия ҳатмӣ мебошад.