Маҳфили рақобатии сайқали маҳорати суханварӣ бо забони англисӣ

(Дар доираи амалигардонии лоиҳаи MIETC)

Дар санаи 16-уми январи соли 2021 дар доираи амалигардонии лоиҳаи MIETC «Developed Master’s Program in industrial business management for countries in transition» бо ташаббуси роҳбари гуруҳи корӣ оид ба ташкил ва пешбурди курсҳои забони англисӣ барои аъзоёни гуруҳи кории лоиҳа Сатторов Абдурасул маҳфили рақобатии дӯстона оид ба сайқали маҳорати  суханварӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Дар маҳфили номбурда омўзгорон ва кормандони донишгоҳ, ки ба ҳайси аъзои гуруҳи кории лоиҳа ва ҳамчунин омӯзгорони фанҳои самти иқтисодиёт ширкат намуданд.

Сараввал ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷафаров А.С. ҷиҳати рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъдаи он суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама такмил ва ташаккул додани сатҳи донистани забони англисии омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба шумор меравад. Яъне, ин эҳтимолияти иштирок намудани шахсони сатҳи забондониашон баландро дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи лоиҳа, ки дар давлатҳои Аврупо баргузор мегарданд хеле зиёд мегардонад.

Сараввал, ба хотири шавқовар ва ҷолибнок гузаштани маҳфил аз ҷониби аъзои гурўҳи кории лоиҳа Мирзоев Ш.Т. ба ҳозирин маълумотномаи муфассали истилоҳоти соҳавӣ оид ба таҳлили ҷадвал, график, ва нақшаҳои тахассусие, ки тамоюлҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоиро инъикос менамоянд пешкаш гардид. Сипас, дар доираи маълумоти пешниҳоднамудаи мавсуф баҳсу мунозира бо истифода аз бозиҳои расмии касбӣ ва дигар роҳҳои фаъолгардонии иштирокчиён ташкил карда шуда, рафти чорабиниро хеле шавқовару ҷаззоб гардониданд. Дар рафти чорабинӣ тамоми иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, дар фароварди он фикру андеша, пешниҳодот ва қаноатмандии худро иброз намуданд.

Дар анҷоми кори маҳфил ба иштирокчиён барои ташкил намудани маҳфили оянда супоришҳо дода шуд ва қайд карда шуд, ки ин барои беҳтар гардидани сатҳи забондонии онҳо имконоти всаеъ фароҳам хоҳад овард.

Аксҳо аз рафти баргузории чорабинӣ: