Санаи 11-уми ноябри соли 2020 дар маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати гуруҳи корӣ ва идоракунии лоиҳаи барномаи “Эрасмус+”-и Иттиҳоди Аврупо “Таъсиси марказҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили интеллектуалии BigData дар Осиёи Марказӣ (ELBA)” баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амалигардониии лоиҳа аз ҷумла, масъалаи ташкили курси омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорону мутахассисони соҳаи ТИК, муайян намудани маҳорату малакаи кормандону омӯзгорон оид ба сафарбар намудани онҳо ба омӯзиши курсҳои махсусе, ки аз ҷониби лоиҳа ташкил карда мешаванд, таҳия ва мувофиқа намудани ҷадвали баргузории семинар-тренингҳои дохилӣ барои ҳайати гуруҳи кории лоиҳа ва масъалаҳои дигар дар асоси нақшаи кории лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамин маврид, барои хоҳишмандони курси омӯзиши забони англисӣ оид ба муайян намудани сатҳи забондониашон санҷиш гузаронида шуда, онҳо ба се гуруҳи мақсаднок ҷудо карда шуданд. Дар баробари ин, ҷадвали баргузории машғулиятҳо дар мувофиқа бо инструкторон таҳия ва барои тасдиқ ба ҷонишини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ пешниҳод карда шуд.

Дар рафти ҷаласа ҳамоҳангсози лоиҳа аз донишгоҳ Ҷафаров А.С. ҳозиринро нисбати иҷрои саривақтӣ ва сифатноки супоришҳои лоиҳавӣ, зоҳир намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, эҷодкорона муносибат намудан ба вазифаҳои гузошташуда ва бо натиҷаҳои баланд ҷамбаст намудани лоиҳа даъват намуд.

Ҳамчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд ҳар моҳ як маротиба нишасти кории ҳайати гуруҳи корӣ ва идоракунии лоиҳа дар асоси ҷадвали муайян баргузор карда шавад. Ба маъмур-коргузори лоиҳа Қаюмова Ҳ.И. супориш дода шуд, ки бо мақсади таъмини идоракунии саривақтӣ ва мукотибаи кории аъзоёни лоиҳа суроғаи электронии гуруҳӣ таъсис дода шуда, ба он суроғаҳои электронии ҳамаи аъзоёни ҳайати гуруҳи кории лоиҳа шомил карда шаванд.

Дар охир пешниҳоди махсус ба унвонии ректори донишгоҳ оид ба ташкили курси омӯзиши забони англисӣ аз ҳисоби буҷаи лоиҳа ва ба он сафарбар намудани омӯзгорону мутахассисони соҳаи ТИК интишор карда шуд.