Рӯзи иттилоотӣ

Санаи 15.10.2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ рузи иттилоотии барномаи “Erasmus +”-   Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои амалкунандаи ин барнома ва намояндагони шуъбаи равобити хориҷии донишгоҳ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳозирин зимни баргузории чорабинии мазкур оид ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мувофиқ гирифтанд. Ҳамчунини маводҳои иттилоотии ин барнома  ба иштирокчиён дастрас буданд.

Дар чорабинии  мазкур нисбати лоиҳаи зерини амалкунандаи донишгоҳ ELBA – Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ муфассал пешниҳод карда шуд.

/