Ҷаласаи навбати ҳайати гуруҳи кории  лоиҳаи ELBA санаи 07.12.2020 дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа масъалаҳо вобаста ба иҷрои нақшаи кории лоиҳа, махсусан рафти ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ, масъалаҳои вобаста ба таҷҳизот ва курсҳои интихобгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби аъзоёни ҳайати гуруҳи корӣ презентатсияи мухтасари курсҳои интихобгардида ва мундариҷаи онҳо гузаронида шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаи ташкили маркази дарназардоштаи лоиҳа ва таҷҳизоти ба он мувофиқро баррасӣ намуданд.