Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея

Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея (МТИК-ТК) расман, 13-уми марти соли 2018 фаъолияти худро дар донишгоҳ оғоз намудааст. Маросими ифтитоҳи расмии Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли У Чол, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ ва дигар меҳмонони расмӣ  баргузор гардид.  Маркази мазкур бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ва саҳмгузории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар партави ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии Ҷумҳурии Корея, ки дар самти технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муваффақиятҳои беназир доранд, ташкил гардидааст. Марказ бо 19 адад компютер, 10 адад таҷҳизоти озмоишӣ барои гузаронидани машғулиятҳо дар самти барномасозӣ,  1 адад таҷҳизоти шабакавӣ ва дигар таҷҳиҳоти таъиноти озмоишидоштаи самти мазкур муҷаҳҳаз мебошад. Дар баробари ин марказ дорои як синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 25 адад компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, мебошад.

Бояд қайд кард, ки соли 2017  донишгоҳ бо ташкилоти куриёгии WTIT – “Интиқоли технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии ҷаҳонӣ” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар доираи шартномаи ба имзо расонидашуда то ин замон чорабиниҳои зиёди банақшагирифташуда амалӣ гардиданд ва кушодашавии маркази мазкур низ, яке аз ҳадафҳои он ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки  дар дориаи ин ҳамкориҳо донишгоҳ имкон пайдо намуд, ки ҷиҳати рушди муносибатҳо ва тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани тадқиқотҳои муштараки илмӣ  бо дастгирии Фонди миллии Куриёгӣ (NRF) симпозиуми байналмилалӣ дар мавъзуи “Тарғиби технологияҳои иттилоотӣ дар Осиё” –ро бо ҷалби 10 нафар олимони соҳавӣ аз Корея, 1 нафар аз ИМА ва зиёда аз 70 нафар олимон аз муассисаҳои таълимии  Тоҷикистон дар таърихи 29-30 июни соли 2017 ташкил ва баргузор намояд. Дар симпозиуми мазкур зиёда аз 25 нафар олимону муҳаққиқон аз ҳарду ҷониб бо  мақола ва тезисҳои илмии худ маърӯза намуданд. Дар кори симпозиуми мазкур намояндагони ташкилотҳои давлатию ғайридавлатии манфиатдор оид ба рушди ТИК дар Тоҷикистон ширкат намуда, дар фаромади он аз ташкили ин чорабинии илмӣ изҳори қаноатмандӣ ва дастгирӣ намуданд.

Дар баробари ин, ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҷониби мутахассисони Куриёгӣ дар самти тадриси фаннҳои заминавии барномасозӣ дар марҳилаи аввали ҳамкорӣ барои донишҷӯён машғулиятҳо гузаронида, дастури методӣ барои донишҷӯён ва хоҳишмандон бо забони тоҷикӣ таҳия намоянд, ки ин алакай амалӣ гардонида шуд. Ҳамасола аз ҷониби мутахассисони марказ барои 4 гуруҳи академӣ аз фаннҳои забонҳои барномасозии SCRATCH, PYTHON ва фанни муҳандисии барномавӣ ба донишҷӯёни бахшҳои гуногун дарсҳои амалиявию назариявӣ гузаронида мешаванд.

Дар асоси дурнамои ҳамкориҳо бо ташаббуси марказ ва мувофиқаи ДТТ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи  ҷумҳурӣ ҳамчун мактаби базавӣ барои рушди малакҳои барномасозии наврасон муайян гардиданд ва ҳамасола аз ҷониби мутахассисосни марказ дар ин мактабҳо машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Кушодашавии ин марказ имконият медиҳад, ки сифати тадриси фанҳои самти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ беҳтар гардонида шуда, интиқоли технологияҳои навини иттилоотӣ ба ҷараёни таълим ва рафти омодагардонии мутахассисони соҳавӣ  таъсирбахтар гардад.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки минбаъд ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ мубодилаи академии донишҷуёну магистрон ва таҷрибаомӯзии устодони донишгоҳ низ, ба роҳ монда мешавад.