- Маълумоти асосӣ
- Пойгоҳи додаҳо оид ба IBDA
- Чорабиниҳо
- Наворҳо
- Суратнигор
- Эълонҳо
- Ҳисоботҳо
- Шартномаҳо
ELBA - Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ
Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа - Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Испания
Шарикони аврупоӣ:
Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Испания
Донишгоҳи политехникии Турини Италия
Донишгоҳи Приморски Словения
Шарикон аз Осиёи Марказӣ:
Донишгоҳи технологии Оши Қирғизистон
Донишгоҳи политехникии Турин дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон
Донишкадаи муҳандисию технологии Бухорои Ӯзбекистон
Донишгоҳи давлатии Урганҷи Ӯзбекистон
Донишкадаи тарроҳӣ, сохтмон ва истифодабарии Тошканд
Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотии Қазоқистон
Донишгоҳи давлатии Костанй ба номи А. Байтурсинови Қазоқистон
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Ию Раззоқов
Донишгоҳи технологии Оши Қирғизистон
Мақсади лоиҳа дар маҷмӯъ баланд бардоштани нерӯи илмии мутахассисон тавассути таҳия ва татбиқи маҷмӯи бисёрсоҳаи курсҳои модулӣ барои донишҷӯёни зинаи бакалавр, ва мутахассисони муҳандисӣ оид ба таҳлили интеллектуалии додаҳо (маълумот) дар миқёси калон (IBDA) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ бо ин соҳа мебошад.
Лоиҳа бо фароҳам овардани имкониятҳо барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи таҳлили интеллектуалии додаҳои (маълумотҳои) калон (IBDA) бо заминаҳои гуногунҷабҳаи ва дастрасӣ ба воситаҳои самараноки муосири IBDA дар асоси таҷриба ва технологияҳои ИА, ки ба рушди устувор мусоидат мекунад, равона шудааст.
Дар натиҷаи малигардонии лоиҳа дар донишгоҳ озмоишгоҳи суҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба таҳлили интеллектуалии додаҳои (маълумотҳои) калон (IBDA) таъсис дода шуда, модулҳои таҳиягардида дар барномаҳои таълимӣ ворид карда мешаванд.
Буҷаи лоиҳа: 73658 Евро
Маросими супоридани сертификатҳо оид ба омӯзиши курсҳои таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData)
Дар доираи Лоихаи ELBA – Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз санаи 30.05.2022 то 03.06.2022 курси бозомӯзӣ оид ба методология ва малакаҳо оид ба IBDA, ки аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳамкории профессорони Донишгоҳи Приморска (Словения) Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич бо давомнокии як ҳафта ташкил ва гузаронида шуд. Дар курси мазкур тариқи он-лайн ва оф-лайн 56 нафар устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Қазоқистон, Узбекстон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷониби Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич дарсҳо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ гузаронида шуданд. Баъд аз анҷоми курс дар толори қироатхонаи донишгоҳ ба 30 нафар устодон ва донишҷӯён сертификатҳо аз ҷониби профессорони Донишгоҳи Приморска (Словения) Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич ва муовинони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирузҷон Ғафоров ва Хайёл Бобоев супорида шуданд.муфассал
Маҳфили рақобатии сайқали маҳорати суханварӣ бо забони англисӣ
(Дар доираи амалигардонии лоиҳаи ELBA)
Дар санаи 16-уми январи соли 2021 дар доираи амалигардонии лоиҳаи Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ бо ташаббуси роҳбари гуруҳи корӣ оид ба ташкил ва пешбурди курсҳои забони англисӣ барои аъзоёни гуруҳи кории лоиҳа Сатторов Абдурасул маҳфили рақобатии дӯстона оид ба сайқали маҳорати суханварӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Дар маҳфили номбурда омўзгорон ва кормандони донишгоҳ, ки ба ҳайси аъзои гуруҳи кории лоиҳа ва ҳамчунин омӯзгорони фанҳои самти иқтисодиёт ширкат намуданд.
Сараввал ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷафаров А.С. ҷиҳати рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъдаи он суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама такмил ва ташаккул додани сатҳи донистани забони англисии омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба шумор меравад. Яъне, ин эҳтимолияти иштирок намудани шахсони сатҳи забондониашон баландро дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи лоиҳа, ки дар давлатҳои Аврупо баргузор мегарданд хеле зиёд мегардонад.муфассал
Рӯзи иттилоотӣ
Санаи 15.10.2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ рузи иттилоотии барномаи “Erasmus +”- Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои амалкунандаи ин барнома ва намояндагони шуъбаи равобити хориҷии донишгоҳ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд муфассал
Вохӯрии навбатии ҳайати гуруҳи корӣ ва идоракунии лоиҳаи ELBA
Санаи 11-уми ноябри соли 2020 дар маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати гуруҳи корӣ ва идоракунии лоиҳаи барномаи “Эрасмус+”-и Иттиҳоди Аврупо “Таъсиси марказҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили интеллектуалии BigData дар Осиёи Марказӣ (ELBA)” баргузор гардид.муфассал
Вохӯрии онлайнӣ оид ба муҳокимаи масъалаи ташкили курси омӯзиши забони аглисӣ дар байни шарикони лоиҳа аз Осиёи Марказӣ
Санаи 17.11.2020 ҷаласаи ҳайати гурӯҳи кории лоиҳаи ELBA дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ тариқи онлайн бо шарикони лоиҳа аз Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масъалаҳо марбут ба ташкил ва гузаронидани курси омӯзиши забони англисӣ барои лмӯзгорону окрмандони самти ТИК-и донишгоҳ баргузор гардид.муфассал
Вохӯрии навбатии гурӯхи кории лоиҳаи ELBA
Ҷаласаи навбати ҳайати гуруҳи кории лоиҳаи ELBA санаи 07.12.2020 дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа масъалаҳо вобаста ба иҷрои нақшаи кории лоиҳа, махсусан рафти ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ, масъалаҳои вобаста ба таҷҳизот ва курсҳои интихобгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.муфассал
Шоҳигарии Испания, ш. Сантиаго Де Компостела, 25-29 январи соли 2020
Ифтитиҳи расмии чорабинӣ аз ҷоинби ноиби ректори Донишгоҳи Сантиаго Де-Компостела ва муаррифии ДТТ ба иштироккукнандагон аз ҷониби Ҷафаров Аҳрор
Расми коллективӣ
Рафти кори семинар
Хисобот оид ба сафари хизматӣ ба шаҳри Сантиаго Де Компостела 25/02/2020
Хисобот оид ба сафари хизматӣ ба шаҳри Сантиаго Де Компостелa 08/10/2021
Хисобот оид ба сафари хизматӣ ба шаҳри Турини Италия 08/04/2022
Хисобот оид ба сафари хизматӣ ба шаҳри Турини Италия 26/03/2022
Закрытое акционерное общество (ЗАО) Индиго Таджикистан
Закрытое акционерное общество (ЗАО) «ТТ-Мобайл»
Закрытое Акционерное Общество «Международный банк Таджикистана»
Закрытое Акционерное Общество «Ориёнбонк»
Закрытое Акционерное Общество «Спитамен Банк»
Образовательное учреждения ILMHONA
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ”
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нет Солюшенс”