Маркази интиқоли технология, таҳсилот ва соҳибкорӣ (МТТС) бахши сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.
Маркази мазкур моҳи феврали соли 2020 таъсис дода шудааст. Ин яке аз натиҷаҳои ҳамкориҳои шарикии бисёрсолаи байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Лоиҳаи GIZ «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ» мебошад.
Мақсадҳои асосии фаъолияти МТТС – мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ дар ДТТ ва фароҳам овардани шароитҳои самаранок барои ҳамкории донишгоҳ бо саноат мебошад, ки тавассути таъмини интиқоли натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони ДТТ ба воситаи иҷозатномадиҳии технологияҳои патентшуда таъмин карда мешавад. Инчунин тиҷоратикунонии коркардҳои илмӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, ки барои ҷорӣ намудани ихтирооти нави илмӣ, ё технологияҳои инноватсионӣ, услубҳо ва усулҳои нав ба бахши хусусӣ мусоидат карда метавонанд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
734055, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
к. Н. Қарабоев 63/3, бинои 1-ум, ошёнаи 4, утоқи 412.
























Бо ташаббуси «Маркази интиқоли технологияҳо, таҳсилот ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дастгирии муассисаи давлатии “Маркази миллии иттилооту патент”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон ва унвонҷӯёни ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Курсҳои мазкур аз ҷониби кафедраи таълимии Маркази миллии иттилооту патент гузаронида шуда, барои такмили дониши омӯзгорони донишгоҳ дар соҳаи патентгузорӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва саноатӣ, қоидаҳо ва тартиби пешниҳоди дархостҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ, тиҷоратикунонии ихтироот ва дигар масъалаҳои марбут ба объектҳои моликияти зеҳнӣ равона шудааст. Барномаи таълимии мазкур дар якҷоягӣ бо кафедраи Маркази миллии иттилооту патент таҳия шудааст ва аз 28 соати омӯзишӣ иборат мебошад.