Баргузории дебат дар мавзӯи “Чаро духтарон муассисаҳои олии техникиро интихоб намекунанд” дар доираи амалисозии лоиҳаи грантии  “Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат” дар

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ)

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.

Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  Созишномаи грантӣ №13/2-2 аз 25.09.2019, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон ва  рақобатпазирии  онҳо дар бозори меҳнат” ба имзо расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои амалисозии лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон ва  рақобатпазирии  онҳо дар бозори меҳнат” иҷроиши нақшаи татбиқи лоиҳа яке аз ҳадафҳои калиди ба ҳисоб мерафт.

Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани раванди ҷалб ва қабқли духтарон ба ДТТ, ароҳам овардани шароити муносиб барои мтобиқсозӣ ва зиндагӣ дар хобгоҳи ДТТ, беҳтар намудани сифати таълими духтарон ва шуӯли ояндаи (минбаъдаи) онҳо дар бозори меҳнат мебошад.

Барои амалисозии лоиҳа иҷроиши қисматҳои асосии он ба монанди:

  1. Таҳияи механизмҳои ҷалби духтарон дар ДТТ;
  2. Фароҳам овардани шароити хуби истиқомати духтарон дар хобгоҳи ДТТ;
  3. Рушду такомули сатҳи касбии духтарон ва таъмини минбаъдаи онҳо бо ҷойи кор дар бозори меҳнат мебошад.

Бояд кайд намуд, ки чорабинии мазкур ба қистмати 3-юм таалуқ дорад.

Дар дебати мазкур кормандони шуъбаи масоили иҷтимоии ДТТ, шуъбаи кор бо ҷавонони ДТТ, шуъбаи равобити хориҷии ДТТ, маркази рушди касбияти донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки эълон шудани саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон, бараъло ҳис менамоем.

Маҳз ҳамин ҳадаф дар мавзӯи дебати номбурда алоқамандии бевосита дошта диққати иштирокчиёнро барои ҷалби донишҷӯён дар муассисаҳои олии техникӣ вогузор намуд.

Ба ақидаи мо, низоми саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартиби мантиқӣ дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурраи он дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст.

Сараввал суханро мудири шӯъбаи равобити хориҷии донишгоҳ Назаров Ш.А. оғоз намуда дар бораи лоиҳа маълумоти мушаххас дод.

Корманди шуъбаи масоили иҷтимоии ДТТ Ҷайчиева Мамлакат оиди татқиқоти сотсиалогӣ ва мавзӯи “Чаро духтарон муассисаҳои олии техникиро интихоб наменамоянд” суханрони намуд. Ӯ оид ба мушкилотҳои асосие, ки дар заминаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, фарогирии нокифоя ва сатҳи пасти қабули духтарон ба ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ мебошад суханрони намуд. Таҳлили ин ҳолат, яъне ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, ба хусус дар ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ нишон медиҳад, ки фарогирии онҳо тақрибан 30%-ро ташкил медиҳад.

Ҷайчива Мамлакат қа  қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои ба ин касбҳо кам рӯ овардани духтарон, баъзе оилаҳои суннатии мо мебошанд, ки ба бозую қуввати духтарон камтар боварӣ доранд. Онҳоро дар касбҳои техникӣ кам тасаввур менамоянд. Дар интихоби касб хусусан дар ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ, бо баъзе стереотипҳо во хӯрдан мумкин аст. Масалан, зан бояд тамоми умрашро барои тарбияи фарзанд ва нигоҳ доштани муҳити хона бахшад. Инчунин зикр намуд, ки омӯзиши духтарон ба малака ва касбҳои техникӣ ва соҳибкорӣ аҳамияти дорад. Омӯзиши касбҳои техникӣ ва иқтисодӣ метавонад ҳаёти онҳоро тағйир диҳад.

Бобоева Мунира котиб-референти муовини ректор, оиди мушкили дар донишандӯзӣ ва  аз бар нанамудани дониши донишҷӯдухтарон суханрони намуд. Шеров Маҳмадали-мудири шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ДТТ оид ба ташкил намдани корхонаҳои ба соҳаи техники дахл дошта, ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон дар ин самт суханрони кард. Бобокалонова Гулзамина – мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ДТТ оид ба аҳамият ва дастгири накардани омӯзгорон оид ба  илм аз бар намудани донишҷӯдухтарон суханрони намуд. Баҳронова Хушнуда – мутахассиси шӯъбаи тарбия сабаби асосиро барои донишҷӯдухтарон дар  нахондану такмил надодани донишашон ва ихтисосашон аз сабаби беаҳамияти ва нахондани донишҷӯдухтарон донист. Комилова Нилуфар мудири бахши кор бо  занон ва духтарон дар ДТТ,  сабаби интихоб накардани духтаронро дар соҳаи техника ва муассисаҳои олии техники аз ҳисоби маълумот ва фаҳмиши комил  дар  бораи  касби техники надоштанашон гуфта гузаштанд ва  кайд намуд, ки чи гуна манфиат овардан ба давлату мамлакат ва вазъи иҷтимои хар як духтар  боис мегардад. Баҳсу мунозираҳо ва пешниҳодҳои зиёде аз ҷониби иштирок кунандагон бараси шуд.