Маълумоти умумӣ
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз мактабҳои олии бонуфузи мамлакат буда, дар он тарбия ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи дорои тахассуси олӣ дар риштаҳои технологӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ ва тазйини бадеӣ тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимс (АУ №0001646 аз 7-юми июли соли 2014) сурат мегирад. Таълимгоҳ Тибқи Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 1990 (таҳти рақами 207), Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар оѓоз ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъд аз он дар асоси Қарори Девони Вазирони СССР аз 29 июли соли 1991 (таҳти рақами 530) ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе табдил дода шудааст. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур, 2 сентябри соли 1991 (таҳти рақами 266) Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон бо ҳамин мазмун интишор гардида, табдилёбии Коллеҷи олии технологии Тоҷикистонро ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқавориӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ намудааст. Баъдан, тибқи Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 80 аз 19 феврали соли 1993, Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд. Инчунин дар асоси ҳуҷҷати мазкур филиали Донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Соли 2003 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 471 аз 25 октябри соли 2003 дар шаҳри Кўлоб филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кушода шуда, аз 1-уми сентябри соли 2004 ба фаъолияти худ шурўъ намуд.
Ҳоло дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар санаи 1-уми сентябри соли 2015 Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб, як филиал дар шаҳри Исфара, як гимназия дар шаҳри Кўлоб дар асоси фармони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 100 аз 19 июли соли 2002 ва аз 01.09.2013 литсеи инноватсионии «Душанбе» дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар умумият зиёда аз 1500 хонандагон аз синфи 1 то 11 омодагии хешро барои гирифтани таълимот, пеш аз ҳама ба ихтисос ва равияҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегиранд.
Дар асоси шартномаҳои ҳамкории бо силсилаи муассисаҳои таҳсилоти олии ФР баимзорасида ва бо истифода аз имкониятҳои факултети муштараки тоҷикӣ-россиягӣ, ки дар донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб амал мекунад, имрўзҳо зиёда аз 1200 нафар донишҷуён аз рўи ихтисосҳои техникию технологӣ дар таълимгоҳҳои олии Русия таҳсили худро аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Россия бомуваффақият идома медиҳанд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо беш аз 60 таълимгоҳҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Дар раванди ин ҳамкориҳо дар донишгоҳ факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ кушода шудааст ва он барномаҳои гуногуни зинавии ихтисосҳои мухталифро бо зиёда аз таълимгоҳҳои олии Украина дар амал ҷорӣ намуда истодааст.
Дар назди факултети мазкур Маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки дар заминаи он донишҷўён метавонанд дар баробари таҳсил дар Тоҷикистон тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ва як қатор муассисаҳои таълимии олии Россия таҳсил намоянд.
Дар донишгоҳ беш аз 250 нафар омўзгорон, аз ҷумла академикҳо ва аъзоёни вобастаи АИ ҶТ, докторону профессорон ва номзадҳои илму дотсентон ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд. Дар шароити татбиқи низоми кредитии таҳсилот зиёда аз 5200 нафар донишҷўёни шўъбаҳои рўзона ва ғоибона аз рўйи зиёда аз 39 ихтисос таълим гирифта истодаанд.
Иброҳимов М.Ф. Таърихи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. 1990-2010
Дар сохтори донишгоҳ 7 факултет фаъолият менамояд, ки аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамоянд:
ФАКУЛТЕТИ МУҲАНДИСӢ-ТЕХНОЛОГӢ
- 1-54 01 01 – Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (хўрокворӣ)
- 1-36 09 01 – Мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хўрока
- 1-49 01 01 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хомӣ ѓизоӣ
- 1-49 01 01 08 -Технологияи ғизои функсионалӣ ва кўдакона
- 1- 49 01 02 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот
- 1-91 01 01 – Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хўроки умумӣ
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ДИЗАЙН
- 1- 50 01 01 – Технологияи ресмонҳо, матоъҳо, масолеҳи кешбофт ва бебофт
- 1- 50 0101 04 -Технологияҳои матоъҳо
- 1-50 01 01 01 – Ресидани нахи табиӣ
- 1- 50 01 01 05 – Технологияи трикотаж
- 1- 50 0101 07 -Лоиҳакашии ороиши матои нассоҷӣ
- 1-50 01 02 – Тарҳрези ва технологияи маҳсулоти дўзандагӣ
- 1-50 01 02 01 – Технологияи маҳсулоти дўзандагӣ
- 1-19 01 01 – Дизайн (аз рўи самтҳо) рўзона
- 1-19 01 01 05 01 – Дизайн маҳсулоти дўзандагӣ
- 1-19 01 01 05 04 – Дизайн маҳсулоти бофандагӣ
- 1-54 01 01 04 – Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ
- 1-40 01 02 01 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
- 1-40 01 01 – Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ аз рўи самтҳо:
- 1-40 01 01 0104- Системаҳои таъмини бехатарии маълумот
- 1-40 01 01 07- Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматикунонидашуда
- 1-40 01 01 08 -Муҳандисии барномавӣ
- 1-40 01 0101 – Системаҳои компютерӣ ва Интернет технологияҳо
- 1-40 01 0103 – Системаҳои компютерии бонкӣ
ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ ВА МАРКЕТИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- 1-25 01 03 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
- 1-26 02 03 05-Маркетинги байналмилалӣ
- 1-25010304 – Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ
- 1-26 02 02 02 -Менеҷменти байналмилалӣ
- 1-26 02 02 05 – Менеҷменти инвеститсионӣ
ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ
- 1- 25 01 01 04 – Иқтисодиёти инкишофи илмию технологӣ
- 1- 25 01 02 01 – Иқтисодиёти таҳлилӣ
- 1-25 01 04 10 – Молия ва қарз
- 1-25 01 07 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона (дар корхонаҳои саноатӣ)
- 1-25 01 07 07 – Идораи лоиҳаҳо рўзона
- 1-25 0110 24 -Таъмини иттилоотии бизнес рўзона
- 1-25 0110 24 Таъмини иттилоотии бизнес
ФАКУЛТЕТИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ ВА ТАЪЛИМОТИ КАСБӢ
- 1-08010107 (02) – Таълимоти касбӣ (информатика). Дизайни компютерӣ технологияҳои Интернет ва мултимедия
- 1-08010107 (01) – Таълимоти касбӣ (информатика). Система ва шабакаҳои телекомуникатсионӣ, системаҳои мобилӣ, алоқаи моҳворавӣ ва радиотехника
- 1-08010110 (01) – Таълимоти касбӣ (дизайн). Тарҳрезии услуби инсон ва муҳити зист
- 1-08010111 (01)- Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук
- 1- 45 01 03 – Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ
- 1- 43 01 06 (01)- Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ.
- 1-74 05 01 – Идора ва дипломатияи истифодабарии захираҳои обӣ
ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПОЛОТСКИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУСС ВА ДТТ
- 1-360701-мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти кимиёвӣ ва корхонаҳои масолеҳҳои сохтмонӣ
- 1-700501- лоиҳакашӣ, бунёд ва истифодабарии қубурҳои газу нафт ва анборҳои газу нафт
Ҳамчунин аз 1 сентябри соли 2014 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил дар магистратураро аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ мондааст:
- 1-40010202 – Системаҳои иттилоотӣ дар идоракунии бизнес
- 1-25 01 03 01 Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ
- 1-25 01 04 10 – Менеҷменти молиявӣ
- 1-25 01 07 11 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ
- 1-26 02 02 02 – Менеҷменти байналмилалӣ
- 1-54010105 – Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (маҳсуло хўрокворӣ)
- 1-49 01 02 02 – Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ.
Ҳоло донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ бо маҷмӯи зиёди китобҳои муосири ихтисосию тахассусӣ мебошад. Маркази компютерии донишгоҳ, китобхонаи электронӣ, 24 синфхонаҳои компютерӣ ва зиёда аз 64 синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи мултимедиявӣ барои гузаронидани машғулиятҳо ва корҳои инфиродии донишҷўён омода мебошанд.
Бо мақсади татбиқи “Қонун дар бораи паркҳои технологӣ” дар донишгоҳ Парки инноватсионӣ-технологии “Фановар” ташкил гардидааст, ки дар як вақт метавонад ҳамчун маркази тадқиқотҳои илмӣ ва инчунин ба сифати озмоишгоҳ мавриди истифода қарор гирад.
Инчунин Маркази эҷодиёт ва ихтирооти техникии донишҷўён таъсис дода шудааст, ки дар доираи он донишҷўёни болаёқат дар чаҳорчўбаи барномаи ҷустуҷў ва дастгирии истеъдодҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб мегарданд.
Донишҷўёни донишгоҳ дар самти таҳия ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии тахассусӣ фаъолияти пурсамар доранд. Дар оғози ҳар нимсолаи таҳсил дар донишгоҳ озмунҳо оид ба таҳияи лоиҳаи беҳтарини инноватсионии донишҷўён эълон карда мешаванд. Ғолибони озмун аз ҷониби маъмурият бо мукофотпулиҳо ва техникаи компютерӣ қадрдонӣ мегарданд.