САРАЗМ

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.муфассалтар

ШАҲРИ БОСТОНИИ ҲИСОР

Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехуранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбада махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то ба 85-90 га-ро дар бар мегирифт.муфассалтар

ҲУЛБУК

Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чиннӣ ва арабу-форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ — мудофиавиро ошкор намуданд.муфассалтар

Мақбараи Мир Саида Али Хамадони

Мақбараи Мир Саида Али Хамадони (14 – 17 аср). Ёдгории мемориалии Мир Саида Али Хамадони дар маркази шаҳри Кулоб дар мавзеи чорбоғе, ки дар он чинорҳои қадимтарини боазамат мавҷуд аст воқеъ гардидааст. Шахсе, ки ҷасади он ҳоло дар ин мақбара орамидааст шоир, файласуф ва мутафакири барҷастаи асри 15 ба ҳисоб меравад. Аммо ба ғайр аз Мир Саида Али Хамадони дар   ин мақбара писараш Муҳаммад ва аҳли хешовандонаш ин чунин собиқ нигаҳбони мақбара шайх Шоҳи Толиқони дафн карда шудаанд.

Бинои мақбара дар намуди анъанавии асримиёнагӣ сохта шудааст. Дар ибтидо мақбара дорои се пештоқ ва даромадгоҳи толор дорои гунбаз, ки бо ороишоти гуногун оро дода шуда буд. Ин сохтмон ба охирҳои асри 15 тааллуқ дошт. Бо гузашти замон дар назди он масҷид ва даҳмаҳо сохта шуданд.

Дар солҳои 70-уми асри гузашта мақбара аз нав таъмир карда шуд. Дар ин маврид мутахасиисон  кушиш мекарданд, ки шакли аслии мақбараро дар намуди панҷ аср пеш буда, нигаҳ доранд. Ва аз уҳдаи ин вазифа онҳо ба хуби баромаданд.

Дар назди мақбара санги мазори мармарин бо навиштаҷоти арабӣ ва форсӣ ҷойгир аст, ки бо  нақшу нигори геометри оро дода шудааст. Дар самти ғарбӣ санги мазори навиштаҷот аст, ки дар он гуфта шудааст “Дар ин ҷо писари ҳокими Хатлон- Амир Муҳаммад бин Шайх Абдуллоҳ дафн шудааст”. Худи санги мазор росткунҷашакл буда вазнаш тақрибан як тонна мебошад. Ривоят мекарданд, ки онро бо филҳо аз Ҳиндустон ба Кулоб овардаанд.

Дар айни замон мақбара ҷойи зиёрати аҳолии маҳали ва сайёҳони сершумор мебошад.

Кучаи. Сомони, ш. Кулоб

Истаравшан

Истаравшан дуюмин шаҳри калонтарин дар вилояти Суғд мебошад . Истаравшан дар доманнаи қаторкуҳҳои Туркистон дар шимои Тоҷикистон 78 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст. Аз ин рў, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машҳури Бухорою Самарқанд мешуморанд. Ҳар пора хишту похсадевори осори куҳани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борҳо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории кӯҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди тоҷик қисса мекунад. Дар таърихи тамаддуни башари шояд кам шаҳре вохурад, ки дар дарозии наздик ба 3000 сола се маротиба, балки 4 маротиба номи худро иваз карда бошад. Истаравшан аз замонҳои қадим то ба ин рӯз чун маъвои рушду тараққии санъат ва илму адабиёт боқи мондааст. Дар ин ҷо рисолаҳои таърихӣ, асарҳои бадеӣ, адабиёти оммавию сиёсӣ таваллуд мешуданд. Чуноне, ки кофтуковҳои ҳафриётӣ собит сохтаанд, дар Истаравшани имрӯза нишонаҳои рӯзгори давраи палеолит, ки ба миёнаҳои хазорсолаи якум то милод тааллук дорад, боқи мондаанд. Дар ин ҷо аз ҷониби одамони ҷамъияти ибтидои манзилгоҳҳо, сарпаноҳҳову нишеманҳо сохта мешуданд. Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ оид ба Истаравшан ҳамчун яке аз марказҳои Суғди бузург ба асри VI то милод, яъне ба он давраҳо тааллуқ дорад, ки Истаравшан яке аз вилоятҳои империяи Ҳахоманишиён маҳсуб мешуд. Умуман, Истаравшан имрӯз шаҳрест, ки ба осорхонаи зиндаи таърихи башарӣ шабоҳат дорад. Дар шаҳру ноҳия зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ маҳфуз ёфтаанд, ки ҳар яке аз 300 то 1500 сола таърих доранд. 6 адад дарахтони азими сарв, ки имрӯз дар Савристон ном мавзеъи деҳаи Ругунд сар ба фалак кашидаанд, ки  умри беш аз 1400 сола доранд.Истаравшан макони ҳунармандон ва мавзеи таърихи бой дошта ба шумор меравад.

Чилдухтарон

Чилдухтарон – номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд. Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кўҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рў ба рў насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.

  Туристические места. Природа Таджикистана. Озеро Искандеркуль – жемчужина Фанских гор