Саидова Н

Мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ

Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

 

 

 

Чайчиева М

Сармутахассиси шуъба

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

Ашурова Б

Мутахассиси шуъба

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

 

ШУЪБАИ МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ

Шуъбаи масоили иҷтимоӣ аз моҳи январи соли 2009 фаъолияти худро шурӯъ намуда, бевосита бо донишҷӯён ва устодону кормандони донишгоҳ баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии онҳо мусоидат менамояд. Самтхои асосии шуъба:

  1. Кор бо донишҷӯёни маъюб, ятим, бепарасторону аз оилаҳои камбизоат;
  2. Таъминоти донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо хобгоҳҳо;
  3. Баррасии масъалаи муқарар намудани имтиёзҳои шартномавӣ ва ҷудо намудани кӯмакпӯлиҳо;

Дар маҷмӯъ шуъбаи масоили иҷтимоии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пайваста бо ин зумра донишҷӯён кор бурда, ҷои зист, таҳсил, таъмин намудан бо кӯмакпулӣ ва шароити маишии ҳар яки онҳоро зери назорат дорад.

Дидан аз осорхона ва таърихӣ китобхонаи миллӣ

Шуъбаи масоили иҷтимоӣ дар санаи 27.11.2019 бо донишҷўёни ятими кулл ва маъюб аз китобхонаи миллии Тоҷикистон  ва дар таърихи  4.12.2019 аз осорхонаи миллии давлатии Тоҷикистон дидан кард.

Зикр бояд кард, ки сайри ҷойҳои муарифкунандаи таърихи тоҷикон барои ҷавонон ва махсусан донишҷўёни ятими кулл ва донишҷўёни имконияташон маҳдуд аз як тараф ҷаҳонбиниашонро васеъ намояд, аз тарафи дигар онҳоро барои дар оянда кору пайкор намудан барои идомаи зиндагӣ дилгарм месозад.

Дар китобхонаи миллӣ бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ятимон ва маъюбон шўъбаи махсусе ташкил карда шудааст, ки дар он маҳфилҳои гуногун амал мекунанд. Корманди ин шуъба аз кори пурсамари шуъба барои донишҷўён маълумот дода, онҳоро даъват намуд, ки ба китобхона аъзои доимӣ гардида, аз ин махзани илму маърифат ва маҳфилҳои он истифода намоянд. Баъдан роҳнамои ин дафтар барои боз ҳам хубтар ошно гардидан ба китобхонаи миллӣ донишҷўёнро ба толорҳои хониш ва дигар синфхонаҳои ин ганҷинаи маърифат шинос намуд.

Осорхона бошад бо кормандони бофарҳангаш донишҷўёни моро хайрамаќдам гуфта, аз тамоми бахшҳои худ ва экспонатҳои осорхона маълумот даданд.

Барои мою донишҷўёнамон, ин лаҳзаҳои хотирмон ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад шуд ва аз диду боздидҳои худ дар оянда албатта истифода хоҳем кард.

 

Ятимону маъюбон дар мадди назари раёсати Донишгоҳ қарор доранд

Дар таърихи рӯзи  9.11.2019 дар Донишгоҳамон вохӯрии донишҷӯёни ятиму маъюб бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур баргузор гардид.

Илҳом Темур пешорӯи донишҷӯён суҳанронӣ намуда, онҳоро барои фидокорона хондану аз бар намудани фанҳои тахассусӣ вазифадор намуд.

Ҳамчунин қиммат будани вақт ва онро хуб истифода намудан дар маркази суханронии ректор қарор дошт.

Сарвари донишгоҳ, давраҳои қаблиро ба ҳозира муқоиса намуда, гуфтанд, ки шароитҳо ба маротиб беҳтар шуда истодааст, бинобар ин ба таври бояду шояд аз ин гуна имкониятҳо барои инкишоф додани худ ва дигарон истифода бояд кард.

 Раёсати донишгоҳ ба он мекушад, ки донишҷӯёни ятим ва маъюб аз мадди назар дур намонанд ва  имрӯзу ояндаи худро дар ҳолати боварӣ ва  эҳсоси садоқат ба Ватан равона созанд.

Дар охир проректори равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ Хаёл Бобоев як миқдор кӯмакпулии ихтисоскардаи донишгоҳро ба 19-нафар донишҷӯёни ятим ва маъюб тақдим намуд.

Дар вохӯрӣ кормандони шуъбаи масоили иҷтимоӣ ширкат доштанд.

Лаҳзаҳо аз чорабиниҳо, дидан аз ҷойҳои таърихӣ ва вохӯриҳои шуъбаи масоили иҷтимоӣ бо донишҷўён таи солҳои гуногун