Дар таърихи 06.11.2019 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намояндагони Кореяи Ҷануби барои муҳокима оиди лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷикӣ-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)” бо раёсати ДТТ вохурӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ДТТ директори ҳамкориҳои форуми Корея дар Осиёи Марказӣ Лим Чеол-Ву, намояндаи донишкадаи Маритайми Корея Сунг-Чун Пак, ноиби президенти фонди Корея Сеонг –Ин Ким, ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳи DYTEC Томас Юн ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ Баҳодур Шарипов ва Парвиз Самиев ташриф намуданд. Дар раванди гузаронидани вохӯри бо ректори ДТТ масъалаи татбиқи лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷики-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)” муҳокима карда шуд.
Баъди вохури бо раёсати ДТТ намояндагон ба озоишгоҳҳои факултети технология ва дизайни ДТТ ташриф намуда бо ҳайати факултет шинос шуда аз дастовардҳои он бархурдор шуданд. Лозим ва ёдоварист, ки меҳмонон аз озмоишгоҳи лоиҳаи “Таълимоти пешакии таъмини барномаҳо”, ки аз ҷониби лоиҳаи GoodNeighbors (Добрые соседы Ҳамсояҳои хуб) бо шарикони Корея WTIT дастгири ёфта буд дидан намуданд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби кормандони ҳар ду донишгоҳ таҳия гардид. Маркази зикршуда аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи аз тарафи Ҳукумати Корея пешниҳодшаванда дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо таҷҳизотҳои замонавии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои тайёр намудани мутахасисони соҳаи саноати сабук, аз ҷумла бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборнамоӣ, лоиҳакашӣ ва дузандагӣ шароити хуб фароҳам меоварад. Ба ғайр аз ин, дар оянда марказ бо таҷҳизотҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ таъмин мегардад ва дар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва устодони ин соҳа имкониятҳои навро фароҳам меовард.