Ҷиҳати амали намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 ва бо мақсади сифатнок ва сари вақт амали намудани бандҳои дахлдори “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”санаи 19-уми октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангии ба номи А.Фирдавсӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, даври дуюми озмуни “Қаннодӣ ва ҳавлопазӣ” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур тибқи мактуб 100 нафар донишҷӯён ва масъулини корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз ҷумла 50-ҷавондухтар бо либоси миллӣ ва 50 ҷавонписар бо либоси расмӣ иштирок намуданд. Дар озмун намояндагони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, маҳорату ҳунарҳои миллати куҳан, ки аз кулчақанду маҳсулоти қаннодӣ иборат буд пешкаши шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардониданд.