Идораи равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳ мерасонад, ки Донишгоҳи Пависланскии Ҷумҳурии Лаҳистон озмуни иштирок дар барномаи Erasmus+KA171  International Academic Mobility барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат ба муддати 1 семестр дар соли хониши 2024-2025 (семестри дуюм) эълон намудааст. Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи мазкур шарики Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар барномаи байналмилалии Иттиҳоди Аврупо Erasmus+ KA171 мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро бо дар назардошти талаботи озмун то санаи 20.10.2024 тариқи пайвандаи электронии дар поён овардашуда пешниҳод намоянд:

Барои маълумоти иловагӣ ҷиҳати иштирок дар барномаи мазкур аз довталабон хоҳиш карда мешавад ки ба  Идораи  равобити хориҷии донишгоҳ  муроҷиат намоянд.