Таманниёти ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба муносибати 79 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 79 – солагии ғалабаи оламшумули халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ бар фашизми гитлерӣ самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатию рӯзгори босаодат ва ба кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ таманно дорам.

Ҳозирини гиромӣ, дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар айён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 22-юми июни соли 1941 оғоз гардида, 1418 шабонарӯз давом кард, барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бузургтарин ғалаба, набард барои озодии Ватан буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Иди Ғалаба барои мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан ҳам, тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксар давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд».

Дар ин ҷанг, ки таърих мислашро ёд надорад, 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ ҷони худро аз даст доданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин ғалабаи бузург фиристодагони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 300 ҳазор нафарро ташкил медоданд, ҷасорату матонат ва дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон доданд. 92 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд. 58 ҳазор нафар фиристодагони ҶШС Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин 15 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф мушарраф гардиданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бар зидди урдуи тавоно ва сартопо мусаллаҳи фашистони гитлерӣ ба шарофати иродаву матонат, фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омада буд.

Муҳорибаи Сталинград (1942-1943) машҳуртарин набарди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар он 2,5 миллион аскар, 1,5 ҳазор танк, 2,5 ҳазор самолёт, 20 -25 ҳазор тӯп иширок доштанд. Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок доштанд.

Талафоти Германияи фашисти хеле калон буд. Душман қариб 800 ҳазор аскар, 2 ҳазор танк,зиёда аз 10 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолёт талаф дод. Дар ин муҳориба колонаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадрилияи «Колхозчии Тоҷикистон», ки бо пули ҷамъовардаи колхозчиёни Тоҷикистон сохта шуда буд, ба ҷанг даромаданд.

Дар муҳорибаи Ленинград Туйчӣ Эрҷигитов 5 –уми  октябри  соли 1943 корнамоии Александр Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи оташфишонии душман (ДОТ) – ро пӯшонд ва қаҳрамонона ҳалок гардид. Барои ин корнамоиаш бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардид.

Ҳазорон нафар ҷанговарони фиристодаи Тоҷикистон ба фронт баҳри озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардиданд. Дар байни онҳо қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, Чӯтак Урозов, Бояркин В.И ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Руссияву Беларус, Украинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония ва лонаи фашистон – Германия ба хоби абадӣ рафтанд.

Дар давраи ҷанг на танҳо мардон, балки садҳо нафар занону духтарон ҳам дар бораи ба фронт фиристоданашон изҳори хоҳиш мекарданд. Чунончӣ, аз 700 адад аризаи дар рӯзи якуми ҷанг дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)- и шаҳри Душанбе бақайд гирифташуда, 200 адади он аз номи занону духтарон буданд.

Шоирону нависандагони тоҷик бо қаламу сухани буррандаю ғуррандаашон асарҳои ватандӯстии зиддифашистӣ меофариданд. Шоирони ширинкалом Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, нависандагони маъруф Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон ба ин гурӯҳ дохил мешуданд. Устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон дар мавзуи ҷанг асарҳои гаронмоя офариданд. Дар солҳои ҷанг асарҳои таърихии устод С.Айнӣ «Қаҳармони халқи тоҷик Темурмалик», «Шӯриши Муқаннаъ» аз чоп баромаданд.

Боиси хурсандист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи он пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро ба таври зарурӣ омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ба таври доимӣ ташвиқ намоем».

Ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ  рафтани ҷавонон, аз ҷумла хатмкардагони донишгоҳи мо ва содиқонаву софдилона ҳифз намудани марзу буми кишвар худ далели он аст, ки насли ҷавони кишвар идомадиҳандаи корнамоиҳои насли калонсол буда, баҳри устувории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият масъулият ҳис карда, қарзи шаҳрвандии хешро софдилона баҷо  меоранд.

Бори дигар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаатон муборак бошад!