Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Аввалан, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар кору фаъолиятатон, ки ба нафъи халқу ҷомеа равона гардидааст, барору комёбӣ орзу менамоям.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз ободу зебо гардида, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баландӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангию варзишӣ табдил ёфтааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Душанбе натанҳо ба яке аз пойтахтҳои пешрафтаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои олам табдил ёфтааст.
Душанбе натанҳо рамзи муқаддасоти давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ифодагари мероси маънавию таърихии халқи тоҷик аст. Аз ин ҷост, ки мо ҳамагон онро дӯст медорем ва барои ободӣ ва пешрафту шукуфоии пойтахти азизамон сидқан заҳмат мекашем.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд “Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст”. Воқеан ҳам, дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад“
Имрӯз пойтахти кишварамон-Душанбешаҳр, ки воқеан ҳам қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ба шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳо, шаҳри сулҳу дӯстӣ ва бародарӣ табдил ёфта, тавассути мардуми заҳматкаш ва масъулиятшиносаш боз ҳам ободтару зеботар гардида истодааст, ки дар ин ҷода саҳми шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ низ арзанда аст.
Бори дигар Рӯзи пойтахтро бароятон муборакбод мегӯям!