Ҳануз санаи 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати кишварро ба ҳайси ҳадафи чоруми стратегии эълон карда, таъкид намуданд, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ бояд таъмин карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати иҷроиши ин ҳадаф ба тамоми ниҳодҳои зиррабт ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳо ва дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ба амал татбиқ шудани ҳадафи мазкур имкон медиҳад, ки устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад ва натиҷатан як ҷаҳиши бузургеро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба миён оварад.
Ҷиҳати иҷроиши ҳадафи мазкур тамоми заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам овардашуда барномаҳои дарозмуддати стратегӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расиданд. Аз ҷумла,
Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти №159 тасдиқ гардид;
Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 марти соли 2019, №128);
2. Барномаи рушди саноати хуроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 июли соли 2019, №373);
3. Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 майи соли 2020, №293 ).
Раванди татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ оғоз гардида, сол то сол иқтидори иқтисодии кишвар афзуда, саҳми саноат дар пешрафти он назаррас мегардад. Ба ин мақсад, ҳама сола дар саросари кишвар садҳо корхонаҳои нави хурду бузурги саноатӣ таъсис меёбанд ва вобаста аз имконоти маҳаллу минтақа корхонаҷоти нав ба нақша гирифта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе дар ин самт яке аз пешгомони татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Раиси ҷавон ва неруманди шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рӯзи таъйин шудан ба ин симмат бо меҳнати шабонарӯзӣ тамоми неру ва маҳорату кордонии хешро истифода намуда, Пойтахти кишварамонро ҳам аз ҷиҳати эстетикиву маънавӣ ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ба як шаҳри зебову муосири тамадуни минтақавӣ табдилдодаистодаанд. Ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун як боғшаҳри зебои минтақа гардида, дар он чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ баргузор мегарданд. Дар ин маврид, шаҳри Душанбе муариифигари фарҳангу тамадуни кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, ки ҳамин ҷиҳатро баҳисоб гирифта, шаҳрдори муҳтарами Душанбе ҳамеша пайи боз ҳам ободу зебо шудани пойтахти азизамон лоиҳаву барномаҳои навро роҳандозӣ менамоянд.
Айни замон, Пойтахти кишвар дар ҳамаи самтҳо ҳаёти иҷтимоӣ рушд намуда истодааст. Ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки иншоотҳои нави замонавӣ, ки аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ доранд дар пойтитахти азизи кишварамон қомат меафрозанд.
Дар самти саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ аст, раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, пайваста кушиш ба харҷ дода, дар тамоми сафарҳо вохуриҳо ҷиҳати ҷалби сармоя ва бунёди корхонаҳои саноативу иншоотҳои муҳими марбут ба он барномаҳову иқдомҳои навро рӯйи даст гирифта, созишномаҳоро ба тавсиб мерасонанд. Дар ин раванд ҳама сола садҳо корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо ҷойикорӣ таъмин намудани аҳоливу боло бурдани истеҳсолоти ватанӣ, рақобатпазир гардонидани он мусоидат менамоянд. Мутаносибан ба солҳои қаблӣ дар шаҳри Душанбе сол ба сол корхонаҳое банақшагирифташудаву таъсис дода мешаванд, ки бештар қувваҳои кории дохилиро ҷалб намуда, хусусияти воридотивазкунандаро доранд, ки барои таъмини рақобатпазингардонии иқтисоди миллӣ нигаронида шудаанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар дар давоми соли 2019 дар шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав, таъсис додашуда бошад, пас танҳо дар моҳи октябри соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин муқоиса нишондиҳандаи он аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе корхонаҳои ҳаҷман бузугтар ва муҷҷаҳаз бо фанновариҳои навини истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баистифода дода мешавад, ки иқтисоди миллиро қавӣ гардонида, ҷойҳои нави кориро барои бошандагони пойитахт ва дар маҷмуъ ҷумҳурӣ фароҳам меоварад.
Ҳоло тибқи барномарезиҳои илмӣ, иқтисодӣ ва дурандешонаи Раиси муҳтарами Душанбешаҳр Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бунёд сад корхона ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии шаҳдори муҳтарам, дар баробари рушди иқтисоди Душанбе инчунин ҷалби неруи муҳоҷирони ватанӣ барои фаъолият дар ин корхонаҳо баҳисоб меравад.
Тибқи барномарезии мазкур дар пойтахт то соли 2026 бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин тибқи нақша, давоми ин солҳо сифат ва банду басти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла алюминий ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Барномаи мазкур бозгӯкунандаи он аст, ки зимни амалишавии он рушди миёнасолонаи саноат дар сатҳи на кам аз 20 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,5 милиард сомонӣ расонида мешавад.
Ин гуна тасмимигириҳо ва барномарезиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ нигаронидашуда, даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мешавад, ба баландгардидани сатҳи зиндагии мардум ва ба ҷойи кори таъмин намудани аҳолӣ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари муваффақу кордон буда, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръат дар авлавият қарор дошта, бо амали намудани барномаҳои иқтисодии худ метавонанд Душанбешаҳрро ба ба яке аз марказҳои бузурги санотии минтақа ва ҷаҳон табдил диҳанд.
Саноатикунонии ҷомеаи тоҷик, ки ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст, иқдоми саривақтӣ ва созандаест, ки бо татбиқшудан метавонад таъсири мусбии хешро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ расонад. Чунки сохтори асосии ҷомеаи саноатиро корпоратсияҳо, фирмаҳо, иқтисодиёти дар асоси истеҳсоли оммавии мол тавассути технологияи мошинӣ сурат мегирад, ташкил медиҳад. Ин навъи истеҳсолот имкон медиҳад, ки садҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, мардум бо маоши хуб фаро гирифта шавад. Нақши муҳимро ширкатҳои саноатӣ ва моливӣ гуруҳҳои иҷтимоии соҳибкорон дар ҷомеаҳои саноатӣ мебозанд, аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад, ин омилҳоро ба назар гирифта минбаъд коркарди ин гуна захоир имкон медиҳанд, онҳо на дар шакли ашёи хом, балки дар шакли коркардшуда ва маҳсулоти тайёр ба бозори минтақавию ҷаҳонӣ арза карда шаванд. Ин раванд имкон фароҳам месозад, ки иқтисоди миллӣ рақобатпазир гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари истеъмолгар ба кишвари истеҳсолотӣ табдил ёбад. Мусаллам аст, ки кишвари истеҳсолотӣ имкониятҳои зиёди рушди иқтисодиёт ва соҳоти дигари иҷтимоиро дошта, чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ осебпазирӣ дар он камтар мешавад. Барои тадбиқи ин андешаҳо сохторҳои марбутаро зарур аст, корро дар асоси пешрафти илмию техникӣ руҳияи соҳибкорӣ ва рақобати озоди демократӣ ба роҳ монанд. Саноатикунонии кишвар имкон медиҳад, ҷомеаи шаҳрвандӣ тавсия ёфта демократия густариш ёбад, заъфи низом дар тазоди дохилии он кам гардад. Бо тадбиқи ҳадафи саноатикунонии кишвар имкон фароҳам меояд, то сарчашмаҳои даромади миллӣ густариш пайдо намуда, ҷиҳати татбиқи иҷтимоиёти давлат заминаи устувор фарҳам оварда шавад. Таҷриба нишон додааст, ки кишварҳои саноатӣ ва пасосаноатӣ, ки дар онҳо иқтисодиёт дар зинаи баланди рушд қарор дорад, чӣ аз ҷиҳати нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва чӣ аз ҷиҳати муътадилии иҷтимоӣ, дараҷаи баланди маънавиёт пойдору устувор аст. Чунки қишри асосии ҷомеаи саноатиро синфи миёна ташкил дода ва дараҷаи зиндагии онҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, онҳо муътадилии иҷтимоиро нигаҳ медоранд. Чун саноат асоси илммеҳвар дорад сатҳи дониши илмии ҷомеаро боло бурда тассубу хурофазадагиро коҳиш медиҳад. Таҷриба собит кардааст, ки сатҳи баланди ташакулли давлатҳои миллиро дараҷаи ҷомеаи саноатӣ ташкил медиҳад, зеро бо бунёд шудани корхонаҷоти бузург мардумони минтақаҳои гуногун ба ин навъи корхонаҳо ҷалб мешаванд ва дараҷаи омехташавии минтақаҳоро афзуда, раванди миллатсозиро метезонад ва пояҳои давлатро устувор мегардонад. Яъне саноатикунонӣ метавонад шиддати унсури манфии маҳалгароиро паст намуда, онро аз байн бибарад. Хулоса саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки дар он шаҳри Душанбе пешоҳангиро доро аст, метавонад як ҷаҳиши бузургеро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар фароҳам оварда, сатҳу сифати давлатдорӣ ва дар маҷмӯъ зиндагии мардумро ба маротиб беҳбуд бахшад ва заминаи гузариш ба ҷомеа пасосаноатиро фароҳам созад.
ШАРИФЗОДА Исомиддин,
Номзади илмҳои фалсафа,
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ