Дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло ва маросими муаррифии ректори тозатаъини донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ сурат гирифт.
АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ректори навтаъини донишгоҳро ба муносибати сазовор гардидан ба эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфта, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин намудани ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба самъи иштирокчиён ироа намуд.
Номбурда зимни суханронӣ дар бораи нақши муассисаҳои олии касбӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат сухан намуда, саҳми омӯзгоронро дар ин самт муассиру калидӣ унвон намуд.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ-таълимӣ давоми фаъолият кадрҳои арзандаву мутахассисони ҳирфавиро тарбия намудааст, ки дар рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат хидмати шоиста сомон додааст.
Зикр гардид, ки ректори тозатаъини Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, дар зинаҳои гуногун, хусусан зинаҳои роҳбарикунанда то имрӯз кору фаъолият намуда, таҷрибаи ғанӣ доранд.
Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба сифати таълиму таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри таъмини пешрафти донишгоҳ ва тарбияи кадрҳои арзанда беш аз пеш талош намоянд.
Дар идома ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо ректори тозатаъин табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи тозаи пурмасъул ба муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ барору комёбиҳои беназир орзу намуд.
Татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръат, ҷалби ҷавонон ба ин раванд, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар самти рушди соҳаи саноат, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тайёр намудани кадрҳои илмҳои техникӣ, технологияҳои муосир аз мавзуъҳои асосие буданд, ки перомуни он АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ибрози назар намуда, ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати расидан ба дастовардҳо дар ин самт дастуру супоришҳои Роҳбари олии кишварро расонид.
Ҳамзамон, собиқ ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур суханрони намуда аз ҳайати кормандони донишгоҳ изҳори сипос намуд ва ба ректори навтаъини донишгоҳ бурдбориҳо таманно кард.
Изҳори умед шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон минбаъд низ бо тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ба рушди Тоҷикистон саҳми бориз гузошта, баҳри таъмини рушди соҳаи илму маориф нақши арзанда мегузорад.
Дар фарҷом муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боварӣ ба ин вазифаи пурмасъул изҳори миннатдорӣ намуда, ин вазифаро барои худ на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург унвон намуд.