Санаи 16 – уми апрели соли 2024 ҷаласаи кории Ректори донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, мудирони бахшҳо ва як қатор сардорони марказҳои донишгоҳ ширкат намуданд.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ нахуст аз дастуру супоришҳо ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки мо бояд ҳамчун пайравони асосии Пешвои муаззами миллат тамоми дастуру супоришҳои роҳбари давлатро самимонаю содиқона иҷро намоем ва он масъалаҳое, ки муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳем. Ҷиҳати тарбияи донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ талош намоем. Сайъ намоем, ки ҷавонони мо худогоҳ бошанд, аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар эмин монанд.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар масъалаҳои омоднамоии кадрҳо, мутахассисони рақобатпазирӣ соҳаи саноат, зиёд намудани сафи олимони ҷавон, баланд бардоштани сифати таълим, тартибу интизом дар донишгоҳ, тақвият бахшидани корҳо дар самти технолгияҳои муосир, ҷоннок намудани корҳои тарғиботи ҷиҳати ҷалби довталабон, бештар ба роҳ мондани робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ ва дигар масъалаҳои мубрам дар ҷараёни ҷаласаи корӣ ибрози назар намуда, ба масъулини самтҳо супоришҳои мушаххас доданд.