Дар ҳама давру замон шахсияти зан – модари тоҷик ҳамчун чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгар ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих, урфу одат ва фарҳанги миллӣ рӯшан ҳувайдост. Корномаҳои занони шарафманди ниёгони мо дар гузаштаҳои дур низ ҳамчун тимсоли барҷастаи садоқату вафодорӣ ба авлод дар ҳифзи шарафу покӣ, муҳаббат ба Ватан дар ободиву пешрафти ҷомеа ва ҷасорату мардонагӣ дар ҳимояи якпорчагӣ ва амну суботи обу хоки он ифода мегардад. Аз ин ҷост, ки мақоми занону бонувон аз адвори дури таърих бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занонро дар рушду тараққиёти ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, бо арҷгузорӣ ба саҳми бонувон дар пешрафти ҷомеаи мутамаддини тоҷик қайд намуданд, ки “нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Агар сарчашмаи ободиву пешрафти ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила бошад, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Ҳамин нубуғи азалии занону бонувони тоҷик аст, ки имрӯз бонувони тоҷик чун равшангарони ҷомеа дар пешрафти ҳаёти илмиву маърифатӣ ва адабии мамлакат саҳми муносиби хешро мегузоранд. Чеҳраҳои шоиставу арзандаи миллат аз ҳисоби бонувон ҳамчун адибону суханварон, устодону таҳқиқгарон дар амри ҳидояти ҷомеа бар сӯйи арзишҳои олии ахлоқӣ хидматҳои арзандаеро ба иҷро мерасонанд. Бахусус, солҳои охир зиёд гардидани сафи бонувони пажӯҳишгар моро бар он бовар мерасонад, ки имрӯз нерӯи ақлонии бонувони тоҷик ба манфиати пешрафтҳои илмӣ, инчунин муваффақ шудан ба дастовардҳои истеҳсолӣ истифода мешавад.
Талошҳои пайвастаи занону бонувон ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон ифодаи он аст, ки занону духтарони шарафманди мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ саҳми арзандаи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватан ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар Паёми худ Сарвари давлат ба нақшу мақоми занон дар ҷомеа арҷгузорӣ намуда, қайд карданд, ки “мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.” Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Аз он ҷумла, қайд гардид, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Дар баробари қайди дастовардҳои арзанда Сарвари давлат занону бонувони тоҷикро чун неруи созанда ва бунёдкор барои боз ҳам тақвият бахшидани мақоми хеш дар таҳкими ахлоқу маърифати ҷавонон ва таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли хушахлоқу ояндасоз ҳидоят намуданд.
Мо – занону бонувон бо ифтихормандӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дар зиндагӣ қарор дода, бо азми комил дар ободиву суботи ватани азизамон саъй меварзем ва барои дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии хеш мавқеи устуворро касб намудани ватани азизамон ҳиссаи худро мегузорем.
Ваҳобова Азиза Абдуллоевна,
номзади илмҳои педагогӣ,
мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии
факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии ДТТ