Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи илму маорифи кишвар низ рушд ёфта, сафи олимону муҳаққиқон афзуда истодааст.
Боиси хурсанди аст, ки дар  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ ин тамоил рӯ ба афзоиш аст. Далели ин гуфтаҳо дастовардҳои бузурги илмии устодони азизи  мо мебошад, ки  бо қарори КОА-и назди Президенти ҶТ  Ишматов Аскаралӣ Бозорович унвони илмии профессор, Шарипова Гулистон Амриддиновна ва Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич унвони илмии дотсентиро сазовор шуданд!
Роҳбарият ва ҳайати кормандони донишгоҳ бо ғалабаи бузурги илмӣ устодони гиромиро таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро орзуманданд.