Бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бегонапарастӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар доираи Аксияи “Тоҷикона мепушем” Озмуни донишгоҳии “Беҳтарин тарғибгарӣ либоси миллӣ”- ро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ мондааст, ки имрӯз дар Факултети муҳандисӣ – технологӣ баргузор гашт.
Тамоми устодону донишҷӯёни факултети мазкур либоси миллӣ ба бар намуда, тарғиби либосҳои миллиро ба роҳ монданд.
Озмун дар факултетҳои дигари донишгоҳ идома меёбад.