Ин Ҳуҷҷати басо муҳим ва тақдирсози миллат чун ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик бо як таҳлили амиқу чуқур бо ғамхории зиёд ироа мегардад. Омӯзиш ва дарки паёми навбатӣ барои мутахассисони соҳаҳои алоҳида зарур ба шумор рафта он пур аз таҳлилҳои дақиқи соҳаи иқтисодро дар бар мегирад, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ тавассути ояндабиниҳо пайгирӣ кардани ҳар кору амале хело самарабахш ба шумор меравад.
Чи тавре ки дар Паём омадааст дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 як баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расидааст. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки таҳлилҳо оиди баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳалли тамоми масъалаҳои ичтимоию иқтисодӣ ва ҳал намудани муамоҳои ҷойдошта доимо дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати ҷиддӣ ва ғамхорӣ қарор дорад. Агар ба Паёми навбати назар афканем чунин маълумотҳои аниқ омадааст, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 фоиз дар соли 2023 паст карда шудааст.
Раванди рақамикунонии иқтисодиёти кишвар низ яке аз иқдомҳои нек мебошад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат назаррас ба шумор меравад. Чи тавре ки аз дастурҳои Пешвои миллат дар Паёми набати ба назар мерасад вазорати молияро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд. Ба Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо зудтар яъне дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дастур доданд.
Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.
Муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми набатӣ 7 маротиба доир ба рақамикунонӣ қайд карда гузаштанд, ки он рушди соҳаҳои басо муҳимро дар бар мегирад, ин пеш аз ҳама: рақамикунонии иқтисодиёт; рақамикунонии соҳаи молияву андоз; рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ; рақамикунонии ҳифзи муҳити зист; назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн; рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш; рақамикунонии соҳаи маориф.
Иқтисодиёт бояд на танҳо устувор, балки бештар фарогир гардад, маҳз ба туфайли рақамикунонӣ мо метавонем чунин фарогириро таъмин созем. Иқтисоди рақамӣ фаъолияти иқтисодиест, ки бо истифода аз шабакаҳои электронӣ, ки бо тиҷорати электронӣ алоқаманд аст ва молу хидматҳои рақамӣ, ки аз ҷониби онҳо истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, амалӣ карда мешавад. Пардохтҳо барои хидматҳо ва молҳои иқтисоди рақамӣ аксар вақт бо пули рақамӣ сурат мегиранд.
Исботи ин суханҳо шуда метавонад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ. Мувофиқи ин Фармон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шудаистодааст.
Тибқи таърифи Бонки ҷаҳонӣ, иқтисодиёти рақамӣ як системаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба истифодаи технологияҳои рақамии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ асос ёфтааст.
Инак тақвиятбахшии гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ имконияти рушди иқтисодиёти кишварро метавонад дучанд гардонад. Аз ин лиҳоз устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар семенарҳо, мизи мудаввар ва дарсҳои хеш оиди мавзӯи рақамикунонӣ вобаста ба мавзӯҳои гуногун таҳлилҳо ва фаҳмондадиҳиҳоро доимо пайгирӣ менамоянд.
Мо устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамеша Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кори худ шумурда, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри ободонии Ватани азизамон кору фаъолият намоем.
Собирҷонов Алишер Солиҷонович,
номзади илмҳои иқтисодӣ и.в. дотсент мудири кафедраи молия ва қарзи
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон