Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти №262 “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ва шиносоӣ бо маҳсулотҳои бонкӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарзи факултети иқтисодиёт ва молия вохӯрии намояндагони ҶСК “Бонк Эсхата” бо донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия баргузор гардид. Зимнан муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Ғафоров Ф.М. меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо ташкилотҳои қарзӣ, махсусан бонкҳои тиҷоратӣ сол аз сол рушд меёбад. Қайд карда шуд, ки донишгоҳ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо ҶСК “Бонк Эсхата” ҳамкориҳои судманд дошта, бонки мазкур дар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумлаи баргузории мизҳои мудаввар, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, тарғиботи ихтисосҳои он ва ғайраҳо фаъол мебошад. Изҳор гардид, ки ҶСК “Бонк Эсхата” яке аз бонкҳои фаъол дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ мебошад. Ҳамасола донишҷёӯни донишгоҳ дар сохторҳои гуногуни бонки мазкур аз таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пеш аз кори хатм гузашта, инчунин дар он ба ҷои кор таъмин мегарданд. Муовини ректор – Ғафоров Ф.М. барои баргузории вохӯрӣ ва ба донишҷӯён ҷиҳати ба ҷои кор таъмин гардидани онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

Баъдан дар баромадҳои худ намояндагони ҶСК “Бонк Эсхата” оид ба сиёсати кадрии бонк ва маҳсулотҳои бонкӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо намоиш – презентатсия баромад намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посух доданд.

Пас аз намоиш – презентатсия дар байни донишҷӯён барои ҷалби онҳо дар самтҳои молия, қарз ва бонкдорӣ тест – санҷиш гузаронида шуд. Аз натиҷаи тест – санҷиш барои ба кор қабул кардан бо донишҷӯёни фаъол сӯҳбат – машварат баргузор гардид. Дар маҷмӯъ намояндагони ҶСК “Бонк Эсхата” ба донишҷӯён барои иштироки фаъолашон изҳори сипос намуданд.