Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ва бо усули раёсат бо факултет вохӯрии муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ – Ғафоров Ф.М. бо хатмкунандагони факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид.
Зимнан ду масъала: а) тақсимоти хатмкунандагон бо ҷои кор ва б) ба таҷрибаомӯзии пеш аз кори хатм сафарбар намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ғафоров Ф.М. дар баромад муҳтавои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти № 262 “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022 таҳти №563 “Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” ба самъи хатмкунандагон расонида, қайд намуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти №262 “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” хатмкунандагони шакли таҳсили буҷавӣ вазифадоранд, ки баъди хатми донишгоҳ на кам аз се сол дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ фаъолияти меҳнатӣ кунанд ва баъд аз он дипломи худро гирифта метавонанд. Мувофиқи банди 16-и қарори мазкур “Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм менамоянд, баъд аз хатми тањсил дар асоси шартномаи сеҷониба ба ҳамон шаҳру ноҳияе, ки аз он ҷо ба таҳсил фиристода шудаанд, ба кор равон карда мешаванд”. Ҳамзамон дар асоси банди 27-и қарори мазкур ба мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро тибқи квотаи Президентӣ хатм намудаанд, пас аз се соли корӣ диплом дода мешавад. Дар идома Ғафоров Ф.М. иброз намуд, ки тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022 таҳти №563 “Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” мувофиқи банди 9-и он “Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи роҳхат ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир нашудани шаҳрванд ва ё саркашӣ намудан аз кор қабл аз ба охир расидани муҳлати ҳатмии кор, инчунин иҷро накардани уҳдадориҳо пас аз гузаштани коромўзӣ, шаҳрванд уҳдадор аст маблағеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ харҷ шудааст, баргардонад. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, ки баргардонидани маблағҳои харҷгардидаро талаб намоянд.” Қайд карда шуд, ки бе пардохти маблағ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 9 Тартиби мазкур дода намешавад.
Доир ба масъалаи дуюм ба хатмкунандагон таъкид карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ ва Маркази рушди касбият ва инноватсия зудтар роҳхатҳоро бо рӯзномаҳо дастрас намуда, барои гузаштани таҷрибаомӯзии пеш аз кори хатм шурӯъ аз моҳи апрел ба корхона, ташкилот ва муассисаҳо равона гарданд.
Ҳамзамон декан ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани масъалаҳои зикргардида муваззаф гардиданд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ – Ғафоров Ф.М. ба саволҳои хатмкунандагон посух дода, ба онҳо барору комёбӣ орзӯ намуд.