Дар шароити муосир яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ муайян менамояд.
Ҷиҳати амали кардани қонуни мазкур, ки тибқи муқарароти он ҳар як ҷавон дар замири худ бояд дӯст доштани Ватан-модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватани хеш, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалиро ҷой диҳад, омӯзонидани илму дониш пеш аз ҳама шарти зарурист. Беҳуда нест, ки яке аз субъектҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ин муассисаҳои таълимӣ дар қонун муайян шудааст.
Кишварҳои пешрафтаи дунё ва мамлакатҳое, ки дар ҳоли рушданд, пешрафти худро аз хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар самти мустаҳкам кардани тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз – мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем.
Ба ин мақсади худ танҳо бо роҳи донишандӯзӣ, илмомӯзӣ метавон расид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалинамоии ин ҳадаф озмунҳои гуногунро роҳандозӣ намуд, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши бузург дорад. Озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фуруғи субҳи доноӣ…”, ки бо ташаббусу фармони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд ва ба ин сабаб бисёриҳо ба дониш руй оварданд, дар дили бисёр инсонҳо шуълаи шавқу рағбат ба илму маърифат пайдо шуд. Ин озмунҳо, ки инсонҳо чандин аср назирашро надидаанд, боиси пешрафти рузафзуни миллат мешавад. Дар мамлакате, ки дониш қадр дошта бошад ҳатман ватандӯсту суханвару ҳунарманду эхтироъкор ҳар рӯз бештар мешавад ва барои ояндагон низ ин гуна озмунҳо бисёр муҳим аст. Чунки падару модари бофарҳанг ҳатман писари бо одобу ватандӯст тарбия мекунад.
Дар таърих номи шоҳони бузург бо маъорифпарварӣ ва донишдӯстдори зиндааст.
Ва онҳоро гузаштагону имрӯзиёну ояндагон эҳтиром мекунанду дӯст медоранд. Чунки хуби ҳеҷ гоҳ нест намешавад, фаромӯш намешавад касе, ки бо роҳи рост бо фурӯғи дониш рафт дар дили инсонҳо ҷойгоҳи худро пайдо кард.
Чунин хондам замоне дар китобе,
Зи гуфтори ҳакими нуктаёбе.
Подшоҳе аз ҳакиме пурсид: – роҳи осон пешбурдану обод кардану идора кардани давлату ҳукуматро мехоҳам ба ман биёмӯзӣ. Ҳаким гуфт: – ин он қадар душвор нест, бо андаке талош метавони ба ҳама ин хостаҳоят берасӣ.
Подшоҳ гуфт: -хуб роҳу равиши ин корро ба ман нишон деҳ, ки мардуми донишманд донишро дар осон кардани корҳои душвори мардумон дареғ надоранд.
Ҳаким гуфт: – мардумро ба дониш омӯхтан талқин кун хату савод биёмӯз. Чунки ҳар қадар дониш бештар бошад хато кам мешавад.
Агар ҷамъият бо савод бошад, худ дар обод кардани кишвар кӯшиш хоҳанд кард ва сулҳу дӯстиро пешаи худ хоҳанд донист.
Созишу дӯстиву ҳамкори кардан бо як нодон душвортар аст, аз он ки бо як миллати бо савод созиш куни ва онҳоро раҳбарӣ куни.
Аз ин бармеояд, ки дар замонҳои қадим ҳам аҳмияти омӯзишу донистанро барои ҷамъият аввалиндараҷа шуморидаанд.
Чунки илму донише, ки дар китобҳо аст маҳсули донишҳои гирдовардаи чандасраи донишмандони башарият аст, ки ҳаёти худро дар ковишу ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтару хубтари зиндагӣ барои инсон сарф кардаанд.
Бо як дақиқа фикр кардан мефаҳмем, ки мо ҳамеша ба дониш ниёз доштем, айни ҳол ниёз дорем ва оянда ниёз хоҳем дошт.
Чунки агар хоҳем хуш сухан кунем ба дониш ниёз дорем. Агар хоҳем худро ва дигаронро табобат кунем боз ҳам ба илму дониш бояд руй биёварем.
Агар хоҳем ахлоқи хуш дошта бошем бояд бо китоб зиндагӣ кунем.
Агар хоҳем эхтироъркор бошем бояд роҳи ихтоъкориро дар хондану омӯхтан ҷустуҷӯ кунем.
Ва инчунин тамоми касбу ҳунар ба хондану омӯхтан вобаста аст.
Ба аҳмияти дониш агар ҳамчун як инсони комил назар андозем инро хоҳем фаҳмид, ки дониш инсонро аз дигар мавҷудот бартарият додааст.
Имрӯз, технология пеш рафтааст ва шароиту ҳолати халқ ранги дигар гирифта, аз як ҷиҳат роҳҳои дурро наздик карда ва мубодилаи афкорро барои ҳама осон кардааст. Шабакаи глобалии интернет тамоми руйдодҳои дунёро намоён кардааст. Дар ин осонҳо чанд мушкили ҳам ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо ҷамъият бояд зираку донишманд бошад. То ба чоҳе дар роҳи кандаи бегонагон наафтаду, аз хатарҳои терроризму экстремизм эмин бошад.
Аввалину беҳтарин фоидаи илм ҳамин аст, ки ба инсон қудрате мебахшад, ки хубро аз бад шиносад ва роҳи ростро дарёбад.
Барои зинда будан ҳам китоб бояд хонд,
Барои ҳифзи ту ҳар ҳарф як сипар бошад.
Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки миллати мо рузҳои душворро пушти сар кард. Душворӣ кашиду аз дониш даст накашид. Ҷон доду номусро пос дошт!
Дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам бузургони худро фаромӯш накард.
Акнун, ки ҷангу ҷуш пушти сар шудааст ва дар як замони тинҷиву оромиву осудаги зиндагӣ дорем, ба рӯи мо дарҳои муассисаҳои таълимӣ боз аст.
Ҳукумат барои мо шароит фароҳам овардааст, то барои ояндаи худ кӯшиш кунем, ҳисси ватандӯстию ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳем, соҳиби донишу илму маърифат шавем.
Мо бояд қадри ин даврони сӯлҳу субот ва оромишро дониста дар паи омӯзиши пай дар пай шавем то ояндаи худ ва ояндагонамонро ободтару зеботар кунем.
Аз омӯхтани илму дониш наҳаросем, чунки дониш чизе нест ҷуз некӯи ва таҷрибаю ибрат. Ҷавонон пеш аз ҳама дар ҳоли савияи дониши баланд доштан, донистани гузаштаи худ, сарфаҳм рафтани арзишҳои миллии худ худогоҳу ватандӯст мегарданд.
Тарбияи ватандӯстӣ дар ҳоле муваффақ мегардад, ки ҳар ҷавони мамлакат маърифатнок гардида, дарк намояд, ки хуш ба ҳоламон дар ин замон зиндагӣ дорем, дар замоне, ки илму дониш қадр дорад, донишманд роҳёбаст ва сӯлҳу суботу дӯсти пойдор аст.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора,
Номзади илмҳои педагогӣ,
Муовини ректори ДТТ оид ба тарбия