Дар доираи амалигардонии нақша чорабиниҳо вохӯрии навбатии корфармоён бо хатмкунанадгони донишгоҳ баргузор гардид.
Зимнан намояндагони ҶСК “Алиф Бонк” барои гузаронидани озмуни ҷойҳои холии корӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо хатмкунандагони равияҳои технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодии он вохӯрии судмандро доир намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Ғафоров Ф.М. меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо ширкатҳои ватанӣ, махсусан ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ сол аз сол рушд меёбад. Қайд карда шуд, ки донишгоҳ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо ҶСК “Алиф Бонк” ҳамкориҳои судманд дошта, бонки мазкур дар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумлаи баргузории мизҳои мудаввар, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, тарғиботи ихтисосҳои он ва ғайраҳо фаъол мебошад. Баъдан намояндагони ҶСК “Алиф Бонк” барои донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми ихтисосҳои тахассусӣ бо мақсади пешкаш намудани маълумот доир ба имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ, бо таъмини ҷойи кор ва ҳамкориҳои минбаъда намоиш – презентатсия гузаронида шуд. Мақсади асосии ташкили ин чорабинӣ дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо мебошад.
Пас аз намоиш – презентатсия дар байни донишҷӯён барои ҷалби хатмкунандагон дар самтҳои молия, қарз ва бонкдорӣ тест – санҷиш гузаронида шуд. Аз натиҷаи тест – санҷиш барои ба кор қабул кардан бо донишҷӯёни фаъол сӯҳбат – машварат гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ ҶСК “Алиф Бонк” ба донишҷӯён барои иштироки фаъолашон изҳори сипос намуданд.
Ҳамзамон дар самти баланд бардоштани савияи дониши маҳассилини донишгоҳҳои кишвар ҶСП “Индиго Тоҷикистон” лоиҳаи “Стипендияи бунафшранг” оғоз намуда, дар китобхона донишгоҳ барои донишҷӯёни курсҳи 1, 2, 3 ва 4-уми факултетҳо бо мақсади пешкаш намудани маълумот доир ба ин иқдом, яъне ҷалби мутахассисони ҷавонон ва ҳавасманд кардани донишҷӯён ба таҳсил, вохӯрии навбатӣ доир намуда, аз тарафи намояндагони ширкат намоиш – презентатсия гузаронида шуд. Мақсади асосии гузаронидани ин намоиш барои донишҷӯён чӣ гуна соҳиби “Стипендияи бунафшранг” шудан ва ҳамкориҳои минбаъда дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон буда, минбаъд низ чунин иқдомҳо баргузор карда мешаванд.
Инчунин дар доираи баргузории чорабиниҳо ба донишгоҳ роҳбарияти ҶСП “Актив Бонк” низ ҷиҳати гузаронидани чорабинии “Саводнокии молиявӣ” ва ҷалби хатмкунандагони самти технологияҳои иттилоотӣ ба ҷои кор таъмини онҳо ташриф оварда, бо донишҷӯён вохӯрии судмандро баргузор намуданд.