Баъди чанд рӯз аз таъсисёбии Артиши миллии кишвари соҳибистиқлоламон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад, сиву як сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки минбаъд низ ҳар яки шумо бо кору пайкор, кӯшишу ғайрат ва меҳнати софдилонаатон дар пешрафти ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми бештар гузошта, ба ин васила обрӯю нуфузи кишвари биҳиштосоямонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мегардонед.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Тавре ки Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд”
Чи хеле ки маълум аст, зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олии кишвар “Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.
Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шурои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.
Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва неруи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбию сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.
Дар марҳалаҳои минбаъда дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳо таъсис дода шуданд.
Бо дарназардошти он ки тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ шарти асосии тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар мебошад, Ҳукумати мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбиро таъсис дод, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.
Дар маҷмуъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин нумудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳро афсарони касбӣ ташкил медиҳанд.
Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд.
Боиси хурсандист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин ҷиҳатро ба хубӣ дарк намуда, баъди хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил мегарданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии чанд соли охир, ихтиёран ба хизмати Ватан- Модар рафтани онҳост.
Бори дагар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни азизро бо 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.