Дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони сатҳи байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо Ҳамоиш дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” доир гардид.
Ҳамоишро муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ С.Абдумуминзода оғоз намуда, иброз дошт, ки ҷавонон бояд аз хатарҳои терроризму экстремизм огоҳи дошта бошанд, то инки ба доми гурӯҳҳои ифротӣ наафтанд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад, ки самаранок мебошад.
Сипас, коршиноси сатҳи байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба мавзӯи Ҳамоиш тӯли як соату 30 дақиқа ба донишҷӯён ва масъулини корҳои тарбиявӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми Ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ И.Шарифзода андешаҳои худро иброз намуд.