БАРОИ РУШДИ САНОАТИ ХУРОКВОРӢ ТАШАББУСИ НАВ РОҲАНДОЗӢ КАРДА МЕШАВАД – Лоихаи “OFINU”-и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо

Шуруъ аз 1 феврали соли 2024 лоиҳаи барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо OFINU – “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ” дар Осиёи Марказӣ татбиқи амалии худро оғоз менамояд, ки дар ҳайати консорсиуми он Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва ду донишгоҳи дигар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Инчунин, ба ҳайати консорсиум ду донишгоҳ аз Иттиҳодияи Аврупо низ шомиланд. Шарики пешбари лоиҳа Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU) мебошад. Лоиҳаро Маркази таҳсилоти муттасили LBTU, ки дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои марбут ба модернизатсияи таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ таҷрибаи даҳсола дорад, ҳамоҳанг менамояд.

Ҳадафи лоиҳа таҳия ва татбиқи як шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он раванди таълим ва омӯзиш дар қолаби модулӣ сурат мегирад ва он дар баробари донишҷӯёни шуъбаи рӯзона донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ ва таълимгирандагони беруна – шахсонеро, ки мехоҳанд дар бораи коркарди маҳсулоти хӯрока дониши худро афзун намоянд ё дар ҳамин самт маълумоти олӣ гиранд, фаро мегирад. Масалан, мутахассисони саноати хурокворӣ ё онҳое, ки мутахассис шудан мехоханд. Бо ин мақсад заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил ва мукаммал гардонида шуда, модул ва маводҳои таълимӣ таҳия ва  ҳайати омӯзгорон омода карда мешавад.

Донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ дар баробари донишҷӯёни рӯзона дар модулҳои муайян иштирок мекунанд ва ба ин васила пас аз хатми таҳсил кредитҳои ба ҳар як модул вобастабударо ба даст меоранд, дониши заруриро мегиранд ва тадриҷан кредитҳоро ҷамъ меоваранд, ки дипломи таҳсилоти олиро соҳиб гарданд. Ин равиш ба шахсоне, ки аллакай ба бозори меҳнат ворид шудаанд, имкон медиҳад, ки таҳсил кунанд, рақобатпазирии худро дар бозори меҳнат баланд бардоранд ва инчунин, иқтидори шуғли донишҷӯёни дар барномаҳои рӯзона таҳсилкардаро афзоиш диҳанд.

Дар лоиҳа шарикони алоқаманд – панҷ корхонаи саноати хӯрокворӣ ва як ассотсиатсияи соҳибкорӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон – Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон, ҶСП “Комбинати шири Душанбе” ва ҶДММ “Ориён Рустам”) , ки дар таҳияи модулҳои нави таълимӣ ва тасдиқи онҳо иштирок мекунанд ва инчунин, ҳайати кормандонашонро барои иштирок дар татбиқи озмоишии лоиҳа сафарбар мекунанд, нақши муҳим доранд. Ҳарчанд шарикони алоқаманди лоиҳа аллакай интихоб шудаанд, лекин дигар истеҳсолкунандагони манфиатдор барои иштирок ба амалигардонии лоиҳа ташвиқ карда мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муроҷиат кунед (Хуршеди Икромӣ, почтаи электронӣ: x_teshaev@yahoo.com).

Лоиҳаи OFINU аз моҳи феврали соли 2024 то январи соли 2027 амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Бо вуҷуди ин, андешаҳо ва нуқтаҳои назари баёншуда танҳо ба муаллифон тааллуқ доранд ва ҳатман нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо ё Агентии Иҷроияи Аврупо оид ба маориф ва фарҳангро (EACEA) инъикос намекунанд. На Иттиҳоди Аврупо ва на EACEA наметавонанд барои онҳо масъул бошанд.