28 декабри соли 2023 аз суханроии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намудам,ки ин Паём барои ҳамаи мардуми тоҷик фоли некаст.
. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасе медиҳанд.
Дар ин Паём якчанд нуқтаҳо буданд,ки тавонистанд диққати манро беихтиёр ҷалб созанд, аз он ҷумла:
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024;
Аз 41 000 ҷавононе,ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд 11 000 нафарашон бонувонанд;
Рушди соҳаи иқтисодиёти мамлакат;
Вақте халқ бесавод мемонад ин бадбахтии миллат аст;
Соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодии Тоҷикистонроба ягон чиз иваз намекунем!
Омӯзиши забонҳои хориҷиро аз кӯдакистон оғоз кунед.
Аз нуқтаҳои дар боло зикргардидаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон шоҳиди он гардидаем,ки таваҷӯҳи роҳбари давлат бевосита ба ин халқу миллат равона гардида, барои рушди Тоҷикистони азизамон ҳадафмандона равона шудааст.
Як нуқтаи дигари муҳими Паём ин буд,ки танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Ба вуҷуд овардани ин шароит аз он гувоҳи медиҳад,ки сарвари малакат бевосита барои дастгири намудани соҳибкорони ватанӣ аҳамияти хоса дода, боварии калон низ барои рушди соҳиборӣ доранд.
Боварии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон сол аз сол бештару пештар мегардад ва дар ҳар суханроиниашон таъкид месозанд,ки ман бо ҷавонон бовариву эътимоди калон дорам.
Ин бовариву эътимоди сарвари давлат сабаб гардид,ки сол аз сол ҷавонони мо барои таҳсил ба хориҷ рафта, ҳоло бошад шуморааашон ба 41 ҳазор нафар расидааст.
Соли мърифати ҳуқуқиро соҳиб гардидани соли 2024 аз он шабоҳат медиҳад,ки сарвари давлат хоҳони онанд,ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳои худ бохабар гардида, ҳамаи қонунҳои мамлакатро риоя намояд ва ба ҳар гунна хатогиву норасогиҳо на худашро ва на дигаронро оварда нарасонад.
Қобили қабуласт,ки мо метавонем тавасути ахлоқи ҳуқуқии худ қонунҳои Тоҷикистони азизамонро ҳифз намоем.
Дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон тавонистааст,ки дар нуфӯзи байналмилалӣ ҷойгоҳи хуберо ишғол намуд, диққати сармоягузорони хориҷиро бевосита ҷалб созад.
Маҳз тавссути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ба шакли наззарас тараққиву пешрафта, диққати тамоми мардуми хориҷиро ба ин сарзамини бебаҳо равона сохтааст.
Чуноне,ки ҳамагони мо шоҳиди он гардидем,ки дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.
Боиси дастгириву таҳсинаст,ки ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ супориш додаанд,ки:
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Пас ҳамагони мо бояд хулоса намоем,ки Паёми мазкур дар ҳақиқат барои мардуми Тоҷикистони азиз фоли нек мебошад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар нуқтаи ниҳои ман чунин мешуморам,ки мо аҳли Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати хирадмандонаи давлат бояд бетараф набошем.
Ин Паём барои ҳар яки мо асос мегардад,ки ҳамаи мо барои 35 солагии истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор барои рушду нумуъи Тоҷикистони азаизамон бошем.
Шарифзода Шариф Раҳим,
Мудири кафедраи “Иқтисодиёт ва идора”-и ДТТ н.и.и., и.в. дотсент.