Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун анъана барои ҳамаи сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаю ташкилоти кишвар ҳамчун ҳуҷҷати меҳварӣ ва дурнамои рушди босуботи самтҳои илму маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои фаъолиятро дар бар мегирад. Алалхусус, самти илму маориф, ҳамчун соҳҳаҳои калидиӣ ва стратегии кишвар тайи 30 соли охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона дастгирӣ ёфтаасту дар оянда низ дар пуштибонии давлат қарор хоҳад дошт.
Илм – муқаддастарин калимаест, ки барои ба даст овардани он боистеъдодтарин инсонҳо худро фидои он менамоянд. Илм сарҳад надорад, аз ҳамин лиҳоз олимон марбути на як миллату давлат, балки марбути дунёянд.
Инсоният аз рузи пайдоиши худ ба пажуҳишу таҳқиқотҳо шуғл варзида тавасути таҷрибаҳои аз ҳаёти худ ва табиат ба дастовардааш вазъи зиндагӣ ва тарзи ҳаётгузаронии худро беҳтар намудааст.
Бозёфтҳои археологии замони дунёи қадим аз он шаҳодат медиҳанд, ки инсоният тавонист дар он замонҳои хело қадим коркарди маъданҳо, чарм, ба даст овардани тору пуд, бофтани матоъҳо, ҳосил намудани рангкунандаҳо, ба даст овардани атриёт, доруворӣ ва ғайраро ихтироъ намуда, дар пешрафти зиндагии худ истифода намояд.
Солҳо гузаштанду бо мурури замон тафакур ва малакаю маҳорати таҳқиқотии насли башар боло рафт. Ба инсоният муяссар гардид, ки ихтирооти бузургро ба даст оварад, ки он дар пешрафти ҳаёти инсоният ба як такони мусбӣ боис гардид.
Ҳамин тариқ, маҳз кӯшишу талош ва ҷонфидоиҳои олимон ва муҳақиқони дунё боиси он гардид, ки имрӯз илм дунёро идора намояд. Дар ин ҷо қайд намудан зарур аст, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ фарзанони баруманди миллати тоҷик низ саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва гузошта истодаанд.
Масалан, рушди илми тибро бидуни Абуалӣ ибни Сино, рушди илмҳои дақиқ, техникӣ ва риёзиро бе Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ тасавур намудан ғайриимкон аст.
Бо гузашти ҳазорсолаҳо Худованд ба мардуми тоҷик як дастоварди нотакроро насиб намуд, ки ин соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз соҳибиистиқлол гардидан ба сари миллати тоҷик ва шаҳрвандони тоҷикистонӣ як бадбахтии нанговар омада, дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ афрухта шуд, ки он мардуми кишваро ба гурӯҳҳо, табақаҳо, қабилаҳо ва маҳалҳо ҷудо намуд.
Дар ин муноқишаҳо тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, Тоҷикистон дар як бунбасти коммуникатсионӣ рӯбарӯ гардид. Соҳаи маориф ва илми кишвар низ дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт.
Дар замоне, ки давлати навташкили соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дошт, Худованд ба мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Рахмонро ба сари давлати тоҷикон сарвар намуд. Маҳз ин фарзанди фарзонаи миллат сабабгори он гардид, ки мардуми тоҷик ва тоҷикистониёнро аз нестӣ ва парокандагӣ наҷот бахшида ба мардум сулҳ ва ваҳдатро овард.
Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, аз рӯзе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати моро сарвари менамояд, таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи давлат ба соҳаи илм ва морифи кишвар равона карда шудааст.
Хамасола аз ҷониби Пешвои муазами миллат дар Паёмҳои худ оид ба рушди соҳаи маориф ва илми кишвар дастуру супоришҳо додашуда, олимони кишвар аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ карда мешаванд.
Дар Паёми нимсолаи худ низ Пешвои миллат боз олимон, муҳаққиқон ва кормандони соҳаҳои марбут ба илмро дастгири намудаст. Барои далели ин гуфтаҳо порае аз Паём иқтибос меоварем “…. Илми тоҷикро густариш додан даркор…. Мо чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад ба соҳаи илм равона мекунем…” .
Тавре дар иқтибос аз Паём дарҷ гардидааст, имсол низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии олимони кишвар аз буҷети давлат маблағҳои зиёде ҷудо карда мешавад. Ин дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, олимон ва муҳаққиқонро ба он водор менамояд, ки бояд чун аҷдодонамон барои пешрафти натанҳо илми кишвар, инчунин дар пешрафти илми чаҳонӣ саҳми назарраси худро гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимон ва муҳаққиқони кишвар боварӣ ва эътимоди зиёд дошта, пешрафти саноат ва иқтисодиётро маҳз дар пайванди илм бо истеҳсолот медонад.
Дар ин ҷода сабаби чунин мавқеи стратегӣ доштани илмро дар он мебинем, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад.
Барои истифодаи самараноки ин сарватҳои табиӣ ва муайян намудани самтҳои саноатии истифодашавии ин захираҳо пажуҳиш ва таҳқиқотро гузаронидан лозим аст.
Барои иҷрои ин таҳқиқотҳо олимон ва мутахассисони соҳавӣ лозим аст. Дар тайёр намудани мутахасисони лаёқатманд низ Пешвои муазами миллат дар Паёми навбатии худ чунин қайд намуд “Илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор. Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем”. Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама ба олимон ва омузгорони кишвар тааллуқ дорад. Дар ин ҷо қайд намудан зарур аст, ки дар баробари дигар донишгоҳҳои кишвар дар тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хеле қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар омода намудани кадрҳои илмӣ донишгоҳи мо яке аз муассисаҳои олии касбии пешқадами кишвар ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ дар 3 соли охир 28 нафар рисолаҳои илмии номзадӣ, 3 нафар диссертатсияҳои доктории худро дифоъ намудаанд, инчунин, зиёда аз 20 нафар сазовори унвони илмии дотсент ва професор шудаанд.
Ин дастовардҳои донишгоҳ дар ҷодаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
Ин комёбиҳои олимон, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ нуқтаи ниҳоӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисос нест. Коллективи донишгоҳ Паеми навбатии Пешвои миллатро роҳнамо ва дастурамали ҳаррӯзаи кории худ қарор дода, дар рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ, саҳми назарраси худро гузорем.
Тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона мекунем, ки сидққан ба илм ва Ватан хизмат намуда, обрӯю эътибори давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем ва наслҳои ояндаи кишвар аз мо ифтихор намоянд, чи тавре, ки мо аз, Пешвои муаззами худ ифтихор дорем ва ифтихор хоҳем дошт.
ЯМИНЗОДА Заррина Акрам
номзади илмҳои техникӣ, дотсент,
декани факултети муштараки ДДП ва ДТТ