Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи мамлакат – муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, раҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлӯҳои мухталифи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти иқтисодии миллӣ нақши муҳим ва калидиро мебозад.
Маҳз бо туфайли сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик ба марҳилаи рушду нумӯи устувор дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодааст. Аз ин рӯ, Паёми Президенти кишвар қадаме ба самти пешравӣ, гулгулшукуфӣ ва оромиву суботи давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат имрӯзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд. Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар бо мисолҳои дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор мегиранд.
Боиси ифтихор ва таъкид аст, ки такмили сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва баланд бардоштани нерӯи инсонӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии давлат аз оғози даврони Истиқлол ба ҳисоб меравад.
Паёми имсолаи Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҷамъбасти соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешвои миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудаанд. Зеро, ки дар шароити имрўзаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Хусусан таҷдиди гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ яке аз масъалаҳои ташвишовар ба шумор меравад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар як маърўза доир ба тамоми масъалаҳои Паёми Сарвари давлат имконият надорем, аз ин лиҳоз доир ба баъзе нуктаҳои муҳими масъалаи илм ва маориф равшанӣ хоҳем андохт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки масъалаи илму маориф дар меҳвари сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат қарор дорад. Сол то сол ба ин соҳа таваҷҷўҳи мазкур зоњир гардида истодааст.
Аз ҷумла дар Паёми охирин Президенти кишвар қайд намуданд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.
Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Дар давоми суханронии хеш Сарвари давлат вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Дар Паём ишора гардид, ки дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.
Дап Паём вазъи маорифи кишвар дар соли 2023 бо соли 2017 муқоиса гардида, зикр шуд, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.
Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.
Ба мо маълум аст, ки имрўзҳо яке аз масъалаҳои муҳими соњаи маориф ин таъмии хонандагон ба мактабҳои замонавӣ мебошад Мувофиқи суханронии Пешвои миллат Дар соли 2023 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Аммо ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии омўзгорон ва боз ҳам ҳавасманд гардидани омўзгорони ҷавон ва дигар соҳаҳо аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.
Ҳамин тавр, масъалаи маориф дар таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз устодон ва хонандагону донишҷўёнро зарур аст, ки гуфтаҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани илму дониш кӯшиш намоянд.
СОҲИБНАЗАРЗОДА Мирзоназар,
Мудири кафедраи дизайни
либос ва санъати мӯди ДТТ