НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ ДОИР ГАРДИД
Бо иштироки 26 нафар намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур аҳли нишастро самимона барои ташриф ба донишгоҳ изҳори ташаккур намуда, доир ба фаъолияти донишгоҳ ва дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2023 мухтасаран маълумот манзур намуд. Сипас, аз ҷониби намояндагони ВАО, ки 26 нафар дар нишаст ҳузур доштанд бо роҳбарияти донишгоҳ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар охир ректори донишгоҳ қайд намуд, ки дар соли 2023 барои донишгоҳ воқеан соли бобарор буд. Барномаҳои таълимии донишгоҳ аз Аккредитатсияи байналмиллалӣ гузашта, садҳо дастоварди назарраси дигар ки қаблан зикр намудам донишгоҳ ба даст овард. Коллективи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуданд, ки баҳри омодасозии мутахассисони соҳибмаълумот ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ саъю талош намоянд.