Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор меравад. Моҳияти ҷашни Саддаро пирўзии рушноӣ бар торики, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардуми онро ба афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Саддаро интихоб кардаанд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Баъдҳо маҳз пайдо шудани ҷашни оташ ва ҳамчун ҷашни Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардуми густариш кард. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтироми гузоштани ба Хуршед ва оташу рўшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд.
Эй миллати ман, халқи нигаҳбони Сада!
Сар то қадамат оташи тобони Сада!
Бар партави нав бихез дар ҳафт Иқлим,
Бар қомати шуълавар ба ҷавлони Сада!
Кишоварзону деҳқонон дар фарорасии ҷашни Садаро интизор мешаванд, оташ меафрўзанд ва ба умеди зудтар расидани фасли баҳор гирди он давр мезананд. Баъдан хокистари гулхани афрўхтаро ҷамъ намуда, бо нияти бобарор омадани ҳосили баҳор онро дар замин мепошанд. Дуо мекунанд, ки баҳори имсола бо худ файзу баракат ва фаровонҳосилиро биёрад.
Бо ташабуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷкмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари мо расман рўзи 30-январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада муборак ҳамватанони азиз.
ЗАРИПОВ Оятулло,
Донишҷӯи курси 2-уми факултаи Телекамуникатсия ва таълимоти касбӣ, тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда.