Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
                                      А. Унсурӣ
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.
Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст.
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиран. Гуфта шуд, ки ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузург меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ дорад.Ҳамзамон бояд тазакур дод, ки Сада яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азаматашро барқарор намуд.
Ҳамасола дар ин айём мардуми мамлакат бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёи нодаркорро берун намуда, ба тозаву озода гардонидани манзилу атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд. Бояд тазакур додки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада ҳамчун мероси фарҳангии ғайримодии башарият ва Созмони Миллали Мутаҳид ЮНЕСКО эътироф гардид.
СОҲИБНАЗАРОВ Амирҷон,
Мудири бахши кор бо ҷавонони ДТТ