Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 26 январи соли 2024, №81 боз ду барномаи таълимии донишгоҳ: 1-49 01 01 02 – “Технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизои бо роҳи махсус хушконидашуда”, 1-49 01 01 03 – “Технологияи консервкунонӣ” бо муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни вохўриҳо бо ҷавонон, зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат, инчунин Қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила саҳмгузор будан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол як қатор нақша-чорабиниҳо таҳия намуда онҳоро зина ба зина амалӣ намуда истодааст.
Яке аз чунин чорабиниҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани барномаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ мебошад. Дар ин самт баҳри баланд бардоштани обрую нуфузи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ бо назардошти муваффақияти ба даст овардаи хатмкунандагон ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди ҶТ, пояи моддӣ-техникӣ, неруи зеҳнии ҳайати омўзгорону прфессорон ва зудҳаракатии (мобильность) донишҷуёну омўзгорон боз ду барномаҳои таълимиии худро бо дастгирии бевоситаи молиявии лоиҳаи GIZ «Таҳсилоти касбӣ дар бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ” барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан омода намуд.
Бояд зикр намуд, ки барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан фаъолияти донишгоҳ бояд ба Стандартҳои Аврупо ва роҳнамо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар фазои Аврупо ҷавобгӯ бошад.
Ва ниҳоят хабари хуш аз Астона омад ва бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 26 январи соли 2024, №81 боз ду барномаи таълимии донишгоҳ: 1-49 01 01 02 – “Технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизои бо роҳи махсус хушконидашуда”, 1-49 01 01 03 – “Технологияи консервкунонӣ” бо муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд. Дар айни ҳол танҳо ба панҷ МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон муяассар гардидааст, ки соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмилалӣ гарданд. Дар байни онҳо ДТТ ягона донишгоҳе мебошад, ки 5 барномаи таълимиаш ба муҳлати 5 сол аз аккредитатсияи байналмилали гузашта соҳиби Шаҳодатнома гаштааст.
Аккредитатсияи байналмилалӣ барои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва донишҷўён имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
эътирофи байналмилалии донишгоҳ, пазироии кафолатҳои сифати баланди таҳсилот ва хизматрасонии таълимии ҷавобгўи талаботи байналмилалӣ;
Ҳамгироии ҳамаҷониба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ворид шудан ба бозори берунии хизматрасониҳои таълимӣ;
такомули мақом ва таҳкими мавқеи рақобатнокӣ дар бозори миллӣ ва байналмилалии хизматрасониҳои таълимӣ;
дастгирии навовариҳои таълимӣ дар сатҳи тамоми низоми таҳсилоти олии кишвар;
ширкат дар барномаҳои гуногуни муҳаррикии академӣ ба донишгоҳҳои ҳамрадиф ва хориҷи кишвар бо эътирофи кредитҳои азхудгардида;
имконияти давом додани таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантураи кишварҳои хориҷӣ;
эътирофи рақобатпазирии хатмкунанда ҳам дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ, шуғл аз рӯи ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар.
Тамоми аҳли профессорону омўзгорон ва кормандони донишгоҳро бо аввалин дастоварди арзанда дар соли нави 2024 табрик намуда, боз дастовардҳои беназиррро дар самтҳои таълиму тарбия ва илму инноватсия баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 сологии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу менамоем.