Дар паёмҳои Пешвои миллат, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеи намояндагони корхонаҳо, муасиссаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ироа мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян карда мешаванд. Паём доираи васеи масоили мубрами ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, нуктаҳои асосии он аз таҳлил, натиҷагирӣ, нақшаҳо ва стратегияҳои нав иборат мебошанд. Ҳамчунин дар Паём ҳамаи самтҳо ба таври муфассал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд, ки ин барои дурнамои рушд ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти пурсамар хеле муҳим аст. Ин аст, ки аҳли ҷомеа ҳамасола Паёми Пешвои миллатро бо як умеди бузург интизор шуда, бо самимият истиқбол мегиранд.
Аз нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ бар меояд, ки соли гузаштаро мо бо нишондиҳандаҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷамъбаст намудаем. Ин нишондодҳо имкон доданд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ, рушди босуботи кишвар як қадами устувор гузоштем. Чунончӣ дар паём иброз гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.”
Ин суханон моро водор месозанд, ки дар шароити муосири рушди муносибатҳо ва таъсири пайомадҳою хатару таҳдидҳои хосияти глобалидошта, ҳарчӣ муттаҳид бошему, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии мамлакат ва истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Зеро бо роҳбарии Пешвои миллат ва заҳматҳою талошҳои зиёд истиқлолияти давлатиро комил гардонидем. Ба таҳдиду хатарҳои зиёди ба сари миллати мо омада, нигоҳ накарда, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат барои амалӣ намудани нақшаҳоии миллии стратегӣ, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодии кишвар қадам ба пеш гузошта ба натиҷаҳои бузург дар самти баромадан аз бумбасти коммуниктсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ниҳоят саноатикунонии кишвар ба даст оварда истодаем.
Дар Паёми навбатӣ бештар масъалаҳои ташаккули “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баландбардории рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвият бахшидани имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмин намудани зиндагии шоиста ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.
Таъкидҳои роҳбарияти олии мамлакт аҳли ҷомеаи моро боз ҳушдор медиҳанд, ки баҳри бартараф сохтани камбудию норасоиҳо дар самтҳои мазкур ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои бартараф кардани онҳо талош варзем. Зеро танҳо бо ҳал намудани ин масъалаҳо мо метавонем дар мамлакат фазои хуби иҷтимоӣ-иқтисодиро ба вуҷуд биёрем ва зиндагии шоистаи аҳолиро таъмин намоем. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва меҳнати пурмаҳсул рушди иқтисоди миллиро таъмин намудааст, чунончӣ дар Паём омадааст: “Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.
Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.
Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.”
Ҳамчунин ба истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, назорати рақамии ҳаракати роҳу нақлиёт, кам кардани талафоти неруи барқ, истифодаи ғайринақдии маблағҳои пулӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Ин аст, ки барои омода намудани мутахасиссони соҳаи ТИК дар муассисҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат моро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар диққат дода, сатҳу сифати таълимро дар омӯзиши технологияи муосири соҳаи ТИК саҳмгузор бошем.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилӣ мебошад. Зеро дар мазмуни асосии он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат нуктаҳои асосӣ баён карда мешаванд.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ҳар як шаҳрванди меҳанпараст, меҳнатдӯст, дорои ифтихори баланди миллӣ дарк кардааст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлати моро тибқи Конститутсия собит месозад. Паём санади муҳимтарин ва рамзи соҳибихтиёрии мамлакат аст ва аз ин лиҳоз ҳам барои пешрафти ҷумҳурии азизамон моҳияти бузурги ҳаётӣ дорад ва барои таҳким бахшидани истиқлолият, ки муқаддастарин дастовард дар таърихи муосири миллати тоҷик, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад, моҳияти беназир дорад.
Имрӯз Тоҷикистон хушбахтона 33 сол аст, ки дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва баъди заминагузории сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон рӯй бар рушду инкишофи иқтисоди миллӣ гузоштааст.
Зарифбеков Мародбек Ширинбекович
Декани факултети ТИ ва ИС