Паёми Пешвои миллати мо,
Бувад чун “роҳнамо”-и давлати мо.
Ҳадафҳояш ҳама созандагиҳост,
Калиди “роҳкушо”-и миллати мост!
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28 -уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамчун роҳнамо барои ноил гардидан ба мақсадҳои шоиста ва босалоҳияти мардуми шарифи кишвар мебошад. Аз ҷумла дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф давоми 32 сол баҳри пайдо намудани мавқею манзалат бо сиёсати асили иқтисодияш зери шиори сиёсати “дарҳои кушода” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки сиёсати иқтисодии давлат ин маҷмўи чорабиниҳо ё тадбирҳоест, ки Ҳукумат аз номи давлат дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот инчунин содироту воридоти молу хизматҳо дар кишвар ба амал мебарорад.
Аз ҷониби Раиси Ҳукумати ҶТ – Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ арзёбии марҳилаи ҳисоботӣ, баррасии вазъият ва самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар, сатҳи дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, арзёбӣ ва дурнамои соҳаҳои иҷтимоӣ, баррасии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва вазифагузориҳо барои оянда хеле муфассал ва ҷиддӣ омадааст. Аз ҷумла: “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат сиёсати фискалӣ мебошад. Сиёсати фискалӣ гуфта, низоми муайяни танзими иқтисодро ба воситаи хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат сиёсати фискалӣ маҷмӯи сиёсати буҷа ва сиёсати андоз буда, дар баъзе ҳолатҳо, сиёсати буҷаю андоз низ номида мешавад. Унсурҳои асосии сиёсати фискалӣ хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо ба ҳисоб мераванд. Дар Паёми Пешвои миллат сиёсати фискалӣ низ ҷойгоҳи худро дорад. Аз ҷумла: “Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии мамлакат мақоми хоса доштанд. Ҳадаф ва мақсади амалӣ гардонидани стратегияҳои мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми кишвар ба шумор мераванд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ин пеш аз ҳама таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи асосӣ дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бўҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст, ки гувоҳ аз татбиқи босамари яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Воқеан ҳам нақши соҳибкорон ва махсусан соҳикории саноатӣ дар пешрафти Тоҷикистон назаррас буда, он барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молиявӣ, ба ҷойҳои кории нав таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон фазои иқтисодии озод ва як қатор имтиёзҳоро барои соҳибкорон фароҳам овардааст, то ки соҳибкорон бе мушкилӣ фаъолият намоянд.
Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда истодааст. Саҳми бахши хусусӣ дар ММД аз 30 фоизи соли 2000-ум то зиёда аз 70 фоиз дар соли 2023 зиёд гардида, қариб 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда шуд.
Чигунае, ки дар Паём зикр гардид, дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Коршиносон имрӯз саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, зеро соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.
Нуқтаи дигари асосие, ки дар Паёми имсола ироа гардид – ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шуд;
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле фоизи баланд мебошад.
Бо баробари ин муваффақияту дастовардҳо Пешвои миллат аз баъзе камбудиҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта ибрози андеша намуда ба масъулин дастуру ҳидоятҳои дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоидошта дода, қайд намуд, ки ин вазифаи ҷонии ҳар яки мо баҳри бартараф кардани он мебошад.
Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат асосӣ буда дар он тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷумла: раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат; сатҳи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар; вазъияти бахши воқеии иқтисодиёт; сиёсати иқтисодию молиявии давлат; даромад ва пасандозҳои аҳолӣ; вазъияти сармоягузорӣ дар кишвар; вазъият ва масъалаҳои соҳибкорӣ;вазъияти воридоту содирот дар кишвар ба тартиби муаяншуда мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда қарор дода шуд.
Абдурасул Сатторов,
Декани факултети иқтисодиёт ва молияи ДТТ.