Дар меҳвари Паёми навбатӣ ҳам соҳаи маориф қарор дорад. Сарвари давлат маорифро омили рушди сармояи инсонӣ номида, пешрафти ин соҳаро кафили солимии миллат арзёбӣ карданд. Дар ҳақиқат, маҳз илму маориф аст, ки ҳар як фарди миллат ба василаи он дониш меандӯзад, давлату ҷомеа пешрафт мекунад ва дар умум, сатҳи маърифати шаҳрвандон дар ҳамаи самтҳо таъмин карда мешавад, ки яке аз муҳимтарини онҳо соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, соли ҷорӣ бо дарназардошти таҷлил шудани сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрамияти он боз ҳам меафзояд. Роҳбари давлат зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки «…рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар Паёми имсола бори дигар нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид карда шуд. Пешвои миллат зимни суханронии худ зикр карданд: «…дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд.» Пешвои миллат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Бахусус авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Барои бархурдор шудан аз таърих ва шинохти фарҳанги ниёгон ва саводнокии насли навраси ҷомеа озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардиданд, ки ин боз ҳам ғамхории падаронаи Пешвои миллатро нисбат ба насли ҷавон ифода мекунад.
Рушди соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Инро ба ҳисоб гирифта соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карданд.
Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 дар рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва боло рафтани савияи донишу малакаи хонандагон нақши муҳим бозид. Ва хушбахтона, ин раванд имрӯз низ идома дорад.
Дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷӯҳи бештар зоҳир намуда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ мекунанд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи илму маориф ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва зиёд намудани қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳаи афзалиятнок, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ, Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз баланд бардошта шавад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии зиёиён ва омӯзгорони кишвар мусоидат менамояд.
Барои рушди илму маориф Пешвои муаззами миллат ба масъулин дастур доданд, ки муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъол гузоранд. Инчунин, таъкид намуданд, ки вобаста ба вазъияти илмии кишвар, ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонидан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, тадбирҳои муассир андешида шавад.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаҳои илму маориф кормандони соҳаро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, содиқона меҳнат кунанд, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳанд, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунанд ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода намоянд. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем.
Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва рақобатпазирӣ, оид ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Декани факултети менеҷмент
ва маркетинги байналмилалӣ
Раҳимзода М.И.