Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд.
Воқеан ҳам, дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд занону бонувон дар баробари мардон заҳмат мекашанд ва дар рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми кишвар нақшу мақоми занону бонувони тоҷик ва хизматҳои содиқонаи ин қишри ҷомеаро дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзанда арзёбӣ намуданд.
Боиси хушҳолист, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷомеа ба ин дастоварди муҳим, албатта, ба шарофати истиқлолият ноил шудааст. Зеро дар қиёс бо маълумоти омории соли 1989-ум, ки ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд, ин нишондиҳанда хеле фарқкунанда аст.
Сарвари давлат дар Паёми хеш бо изҳори қаноатмандӣ зикр намуданд, ки имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Президенти кишвар шахсияти зан – модарро дар ҷомеа ва хонавода арҷгузорӣ намуда, изҳор намуданд, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Бовар дорам, ки занону модарон ва бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин машъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем.
ОЗОДБЕКОВА Наҷмия Бекназаровна,
Декани факултети Телекоммуникатсия
ва таълимоти касбӣ, н.ф.ф-м.