Конститутсия истилоҳи лотинӣ — constitution буда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Бинобар сабаби эътибори хоса пайдо намудани Конститутсия ҳамчун танзимкунандаи тамоми қонун ва қарорҳо дар сохторҳои гуногуни идоракунии давлат имрӯзҳо конститутсияро қонуни асосӣ ё ин, ки сарқонуни давлат ном мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба конститутсия қабул гардидааст;
28 – апрели соли 1929
25 – феврали соли 1931
1 – марти соли 1937
14 – апрели соли 1978
6 – ноябри соли 1994
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд, ва ҳамин тавр ҳамасола дар саросари кишвар 6-уми ноябри рӯзи Конститусия ҷашн гирифта мешавад.
Дар давоми 32 соли истиқлолият ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
26 – сентябри соли 1999
22 – июни соли 2003
23 майи соли 2016
Соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ва ҳамчунин дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд танҳо “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном бурда дуруст аст.
НИЁЗОВ Алишер,
Мудири китобхонаи илмии ДТТ