Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ICM-и барномаи Эрасмус+ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Гранада (Испания) озмуни дарёфти гранти тадқиқотӣ барои муҳаққиқонро дар зинаи PhD барои соли таҳсили 2023/2024 эълон медорад.

Инчунин донишгоҳи мазкур аз 15-ум то 19-уми апрели соли 2024 ҳафтаи 26-уми омӯзиши кормандонро дар мавзӯи “Муносибатҳои байналмилалӣ: Нигоҳ ба оянда” баргузор мекунад. Барномаи пешакӣ ва маълумоти муфассалро дар бораи чорабинии мазкур метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед:

https://internacional.ugr.es/pages/perfiles/pas/staff-training-week/index#__doku_th_staff_training_week_international_relationslooking_towards_the_future

Муҳаққикони ҳавасманд бояд дархости худро тавассути пайванди электронии  https://forms.gle/2xQMmdC4CB9dV7kD8.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо Шумо метавонед тариқи рақами телефон +992 37 234 59 27 муроҷиат намоед.