Имрӯз бо иштироки васеъи кормандону омӯзгорони Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар толори асосии донишгоҳ Паёми Пешвои миллат шарҳу тавзеҳ гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Тошматов М.Н оғоз намуд. Дар ҷаласа гузоришҳои илмии муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ С.Абдумуминзода, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ И.Шарифзода доир ба Паёми Пешвои миллат шунида шуд.