ПАЁМ – КАФИЛИ СУБОТУ ВАҲДАТУ ОСУДАГИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2023)
Дар ҳаёти мардум осудагӣ, суботу Ваҳдат ҳамеша аввалиндараҷа буду ҳаст. Натанҳо мардуми тоҷик, балки тамоми мардуми дунё суботу ваҳдату осудагиро орзӯи ҳамешагии худ медонанд. Осудагӣ пойдор бошад, мардум роҳи таъминоти худро пайдо мекунад ва зиндагии шоистаро соҳиб мегардад. Аз осудагиҳо зиндагӣ гул мекунад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон осудагӣ, суботу ваҳдатро кафолат медиҳад. Агар содда карда гӯем, қуввати дили ҳар яки мост Паёми Пешвои миллат. Ҳамасола Паёми Пешвои миллат ба руйи мардуми тоҷик дари боварию эътимод, зиндагии тинҷу осуда, амалишавии орзуҳои деринтизорро боз мекунад. Таассуроти аз Паём гирифтаи мо ба ҳар яки мо нерӯ мебахшад, барои пешрафту ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳаёт доштан. Хусусан, Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соли 2023 аз ояндаи бозам дурахшонтари мардуми тоҷик гувоҳи дод. Аз аввал то охир ба Паёми Пешвои муаззами миллат гӯш дода бозам итминони комил пайдо намудем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби кишвар пайваста дар фикри некӯаҳволии мардум ҳастанд. Нуқтаҳое, ки дар Паём оиди рафъи монеаҳои ҷойдошта ироа гардид, як роҳи дурухшони фардои зебо доштани мурдуми тоҷикро баёнгар аст. Ҳар ҷумлаи саршор аз мухаббату ғамхории Паёми Пешвои миллат барои мардуми тоҷик роҳнамои кору зиндагист. То имрӯз воқеан корҳои бузурге барои пешрафти Тоҷикистон, некӯаҳволии Тоҷикистони азиз анҷом дода шудааст. Рақамҳое, ки Пешвои миллат ёдовар шуданд далели ба дастовардҳои бузург дар ҳама самтҳо ноил шудани давлати соҳибистиқлоли мост.
Умеду бовари ба оянда пеш аз ҳама аз Паёми Пешвои миллат дар қалби ҳар яки мо ҷо гирифт. Баъд аз Паём мо нерӯи бузург баҳри амалинамоии ҳадафҳои оянда ба худ гирифтем.
Эълон гардидани соли 2024 соли “маърифати ҳуқуқӣ” як таккони ҷиддие барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд. Бисёр масъалаи саривақтӣ, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад. Ба чунин тадбири оқилона мардуми Тоҷикистон бисёр ниёз дошт.
Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф масъулияти ҳамаи мо кормандони самти мазкурро баланд бардошта, тарбияи кадрҳои босаводро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Зеро тарбияи кадрҳои баландихтисос маҳз зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Дар натиҷаи ғамхориҳои Пешвои миллат дастовардҳои зиёд то имрӯз ба даст омадааст. Чуноне, ки дар Паём зикр гардид: ‘’Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои маблағгузориашон ба самти маориф, дар ҷои 21 ум қарор дорад’’.
Ҷиҳати бозам баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисон ва мутобиқ гардидани кадрҳо ба талаботи замон таъкид намуданд, ки “Омӯзиши забони хориҷиро аз боғча оғоз кунед”. Ин ҳидоятҳои созанда ояндаи дурахшонро барои наслҳои минбаъда кафолат медиҳад. Боварию эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон ин қишри нерӯманди ҷомеаро барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузург роҳнамои менамояд. Таъкиди Пешвои миллат, ки “Ҷавонон имрӯз ба ҳама кор қодир ҳастанд” сухани одди набуда, ба ин қишри ҷомеа нерӯи шикастанопазир барои пеш рафтан бахшид. Чунин суханҳои тиллоӣ имрӯз барои ҳар як ҷавоне, ки кӯшишу ғайрат дорад ва мехоҳад кори хубе дар пешрафти кору фаъолияташ анҷом диҳад мисли обу ҳаво зарур буданд. Чунин суханронии Пешвои муаззами миллат беназир аст, ки соатҳо агар аз он ситоиш намоем кам аст.
Пешрафти бонувон, дар даврони Истиқлолият, ки маҳз таҳти ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ба амал омадааст, дар Паём рақамҳои шоистаи таҳсин ироа гардид. Иброз гардид, ки “Аз 41 ҳазор ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, беш аз 11 ҳазор нафарашон бонувонанд”. Воқеан ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба зан – модар беохир буду ҳаст. Чи гуна бо чунин дастгирию ғамхории Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони мамлакат содиқонаю софдилона кор накунанд? Ҳама дастовардҳои бонувони мамлакат имрӯз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои давлат аст.
Дар Паём Пешвои миллат аз нияту нақшаҳои ояндасоз ҳарф зада иброз доштанд, ки “Агар ҳар сол нафақа, маош ва стипендияҳоро ба 40% бардошта тавонем, дарозумарии аҳолии Тоҷикистон дар байни 10 сол ба 100 мерасад”. Ҳамзамон, қайд гардид, ки”Табиати Тоҷикистон табиати биҳиштосо аст. Бояд, ки мардумаш беш аз сад сол зиндагӣ кунад”. Воқеан иқдоми созандаи Пешвои миллат доир ба баланд бардоштани маоши кормандони ҳамаи соҳаҳо шаҳодати он аст, ки орзуҳо воқеан гул мекунанд. Қайд гардид, ки “Аз якуми июли соли 2024 нафакаи нафақахӯрон 30%, дигар сохторҳо 40 % зиёд карда мешавад”. Ин иқдоми бебаҳою меҳрубонии Пешвои миллатро ҳар шахси бедордилу некбин дар қалби худ бо хатҳои заррин менигорад.
Пешвои ятимпарвари мо, таъкид намуданд, ки ҳама бояд ғамхорӣ ин қишри ҷомеа бошад. “Ман ҳар ҷое, ки сафар мекунам аввал аз ҳолу аҳволи ятимон хабардор мешавам. Ятимони мо ҳатто худро ятим эҳсос намекунанд”. Ин амали неки Сарвари хирадманди мо дар ҳама сафарҳояшон дида мешавад. Намунаи ибрат барои ҳар нафар аст. Дар Паём ин нуқтаро бисёр зебо Пешвои миллат ироа намуданд.
Ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бисёр назаррас аст, ки дар Паём аз натиҷаи он ёдоварӣ гардид. “Соли 2023 15 ёдгории таърихии тоҷикон ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил шуд”. Албатта, хонандаи азиз бояд ҳамеша ёд дошта бошад, ки ин 15 ёдгори бо талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат дар ин феҳристи бонуфуз ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Пешвои миллат дар суханронии худ нисбат ба ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат ғамхории ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки “Ҳар сол зиёда аз 100 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад”. Ҳама ин тадбирҳо барои осудагии мардум аст.
Дар Паём барои тарбияи наслҳои оянда, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад таъкид гардид, ки “Илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор. Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем”. Ғамхории беназир нисбати ояндаи ҳар як ҷавон дар Паём бо таъкиди ин суханҳо зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ин самт ҳама якҷоя гӯш ба таъкидҳои Пешвои миллат дода амал намоем, дар оянда ягон ҷавони мамлакат аз бекорӣ азият намекашад. Ҳамаҷониба Паём фарогири масъалаҳои вобаста ба тарбияи наслҳои оянда, барои зиндагии хуб доштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пешвои миллат бо чунин андеша “Дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд”, “Донишмандони ихтироъкор ва олимони ҷавонро тарбия кунем!” роҳи ҳалли муҳимтарин мушкилотро дар тарбияи наслҳои оянда нишон доданд, ки аз волидайн бисёр вобаста аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди саноат бо суръати назаррас идома дорад, кадрҳои баландихтисос муҳим аст. Дар Паём вобаста ба ин масъала чунин рақамҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ ироа гардид: Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дар 75 соли гузашта, яъне аз замони шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 338 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст”. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат пеш аз ҳама барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ аст. “Ба Ҳукумати мамлакат дастур дода мешавад, ки барои 10 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарури андешида шавад”.
Ҳамеша ба соҳаҳои муҳими мамлакат, ҷиҳати пешрафти онҳо маблағҳои зиёд ҷудо мегардад, ки дар Паём иброз дошта шуд. “136 миллион долар барои аз навсозӣ намудани сарбанди НОБ-и Сарбанд сарф шудааст.
Дар соли 2023 ба соҳаи тандурустӣ 3,3 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст”.
Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан талош менамоянд, ки дар Паём ба боварии комил қайд карда шуд, ки “Дар самти инкишофи нерӯи сабз соли 2037 Тоҷикистон воқеан ба кишвари сабз табдил меёбад”. Ин самт дар рушди Тоҷикистон нақши муассир дорад ва мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат аст. Пешвои миллат доир ба саҳмгузор будани шаҳрвандони бо нангу номуси мо борҳо ибрози андеша намуда, аз заҳматҳои соҳибкорон ёдовар гардиданд: “Дар соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон 75 иншооти сарҳадӣ дар сарҳад бо Ҷумҳурии Афғонистон бунёд карда шуд”.
Муҳимтарин таъкиди Пешвои миллати оқилу донишманди мо мардуми Тоҷикистон доир ба фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пос доштани фарҳангу, арзишҳои миллӣ ва муқаддас донистани Ватан аст, ки ҳар инсони оқилу бовиҷдон бояд ба ин гуфтаҳо амал намояд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Дар куҷое, ки набошед, ба Тоҷикистони азизи худ хиёнат накунед!”.
Маврид ба зикр аст, ки мамлакате, ки дар он суботу ваҳдат ва осудагии мардум кафолат дода шудааст, танҳо инсони бехираду роҳгум даст ба хиёнат мезанад. Бо чунин ғамхориҳои давлату сарвари дурандеш танҳо шукрона бояд кард, ки чунин давлати биҳиштосо дорем ва сарвари ғамхору меҳрубон дорем.
Албатта, Паёми Пешвои миллат бисёр як ҳуҷҷати муҳиму серпаҳлу ва фарогири масъалаҳои зиёду мубрам аст, ки як мақола наметавонад фарогири шарҳи ҳамаи он бошад.
Ҳар нафари мо бояд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун китоби болои миззии худ қарор дода, ҳамарӯза чун барномаи ҳаётан муҳим аз рӯи он кору фаъолият ва зиндагӣ намоем.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора,
Номзади илмҳои педагогӣ,
Муовини ректори ДТТ оид ба тарбия.