ВАСФ, ЭЪТИМОДУ БОВАРӢ БА ЗАН – МОДАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Бонувони тоҷик, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, дар Паёми навбатии сарвари давлат мавриди ситоиши падарона қарор дода шуд. Ҳар Паёми Пешвои миллат муждаи неку паёме аз комёбиҳои нотакрор барои бонувону модарони мамлакат мебошад.
Пеш аз ҳама ситоиши фариштаи хонадон модар бо тамоми меҳру муҳаббати бепоён аз қалби софу беғубори сарвари хирадманди тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ки аз шунидани чунин суханҳо ба қалби ҳар яки мо нуру зиё бахшид. Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “нагуед, ки модар надорем, ҳамаи модарони тоҷик модари мо ҳастанд”. Дар ҳақиқат модари тоҷик аз азал бо меҳру муҳаббати бепоёни худ оламгир аст. Хусусияти модарони тоҷик дар таваҷҷӯҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ҳамеша қарор дорад, ки дар тамоми сухансарониҳояшон ёдовар мешаванд.
Дар сиёсати хирадмандонаи худ Пешвои миллат баҳри устувор гардидани мавқеи бонувон дар Тоҷикистон заҳмат мекашанд, ки мо бонувони тоҷик инро ҳар лаҳза эҳсос мекунем. Суханони Пешвои миллат дар Паём: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем” далели гуфтаҳои болост. Зани тоҷикро имрӯз ҳамчун зани кордону оқила дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд, ки ин мавқеъ аз ғамхориҳои Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат заҳмати бонувонро ҳамеша қадр намуда, дар Паём аз талошҳои онҳо чунин ёдовар гардиданд, ки боиси ифтихори мо бонувон аст:
-“Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”;
-“Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”;
-“Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”;
-“Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”;
-“Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд;
-“Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд”;
-“Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”;
-“Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”;
Ҳамаи ин нуқтаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида далели таваҷҷӯҳ ба фаъолияти бонувон ва қадрдонии заҳматҳои онҳо аз ҷониби сарвари давлат аст, ки дар фаъолияти минбаъдаи ҳар як зан нерӯву тавонои мебахшад. Занону модарони тоҷик аз ҳарвақта дида баъд аз суханони тиллоии Пешвои миллат, ки нисбат ба зан – модари тоҷик садо дод заҳмат мекашанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат софдилона фаъолият намудан ва дар пешрафти Тоҷикистон азиз саҳмгузор будан вазифаи ҷонии ҳар бонуи тоҷик меҳисобем. Барои пешрафти занон дар сиёсати оқилонаю падаронаи Пешвои миллат имкониятҳои беназир фароҳам оварда шудааст, ки аз мо бонувон танҳо меҳнати софдилонаро талаб мекунад. Пеш аз ҳама нақши худро мо бонувони тоҷик дар тарбияи наслҳои ватандӯсту худшинос набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш намоем. Саъй намоем дар тарбияи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва содиқ ба хоки муқаддаси Ватан саҳмгузор бошем.
Пешвои миллат дар Паём минбаъд низ идома ёфтани ғамхориҳои сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бонувонро самимона таъкид намуданд: Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”.
Мо бонувони мамлакат ҳеҷ гоҳ чунин таваҷҷӯҳи беназирро бояд фаромӯш насозем ва шукргузор бошем. Чунин таваҷҷӯҳи ғамхории бепоён нисбати зан – модар дар бисёр мамлакатҳои дунё дида намешавад, ки ин бахти баланди бонувони тоҷик аст, ки чунин сарвари ғамхор ва мамлакати орому тинҷ дорем.
ШОҲЗОДА Назира,
Мудири бахши кор бо занон ва духтарони
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон