Ҳамаи шуморо аз номи Раёсати донишгоҳ ба муносибати Соли нави мелодии 2024 самимона табрику таҳният мегӯям.
Соли 2023, ки баъди чанд рӯз ба ҳукми таърих ворид мегардад, барои тоҷикону тоҷикистониён соли бобарор ва пур аз дастоварду рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ буд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 28-уми декабр ироа гардид, дар рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи мамлакат, ободиву шукуфоии он, боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва боло рафтани обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад, аз муҳимтарин рӯйдоди сол дониста мешавад.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ дар соли 2023 ба як қатор дастоварду комёбиҳо ноил гардид, ки ҳамаи онҳо тавассути заҳматҳои зиёд ва ҳисси баланди масъулиятшиносии шумо – омӯзгорону кормандон ва донишҷуён ба даст омадаанд. Аз ҷумла дар ин сол 6-нафар омӯзгор бомуваффақият рисолаи номзадӣ, 2-нафар рисолаи докторӣ 1-нафар доктори фалсафа (Phd) доктор аз рӯи ихтисос ҳимоя намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд. Омӯзгорони донишгоҳ соҳиби 10- патент ва 5 қарори мусбӣ оид ба гирифтани патент шуданд. Омӯзгор Фирӯз Ҷалилов бошад, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” ҷойи дуюмро ишғол намуда, сазовори мукофоти пулӣ, яъне 15 ҳазор сомонӣ гардид.
Фаъолияти донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ низ назаррас буд.
Донишгоҳ дар соли 2023 ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.
Танҳо аз моҳи феврал то декабри соли 2023 дар асоси шартномаю созишномаҳои баимзо расонидашуда, 34 нафар донишҷӯю омўзгор ва корманди донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар семинар, курсҳои такмили ихтисос, форуму конгресҳо ва таҳсил дар доираи татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии Erasmus+ KA1 KA2, GIZ, UniCEN ва ғайра ба хориҷи кишвар фиристонида шуда, дар ин давра 42 нафар олимону мутахассисони хориҷӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Ҳамкасбони азиз, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва беҳтар намудани мавқеи донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми навбатиашон ба маҷлиси Олии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузорем.
Боварӣ дорам, ки Шумо олимону омӯзгорони арҷманд минбаъд низ дар рушди илми ватанӣ, пешрафти иқтисодиёт ва ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир мегузоред.
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар Соли навро бароятон муборакбод мегӯям.
Бигзор, Соли нав ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ, файзу баракат, нуру зиё ва шодиву нишот биорад.